ИЗҲОРОТИ ДОТСЕНТИ ДКМТ Р.ИЗЗАТТУЛЛОЕВ: ТЕРРОРИЗМ ВАБО АСТ.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд, ки рӯзҳои  3-4-уми майи соли гузашта  дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе, баргузор гардида буд,  бори дигар кишварҳои ҷаҳонро ба ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба таҳдиду хатарҳои терроризму экстремизм даъват намуданд.

Дарҳақиқат, хатари терроризм ва экстремизм ба ҷаҳон аз вабои аср ҳеҷ гуна камӣ надорад. Ин вабоест, ки ба тамоми кишварҳои олам таҳдид мекунад ва чун          заҳрпечак зарари моддии худро дар ҳар намуд, тарконидану қатлу ваҳшоният аён мегардонад.

Ин масъалаи сатҳи ҷаҳонӣ аз мо шаҳрвандон, хоса аҳли зиё, собиқадорони рӯзгордида, шахсиятҳои байни ҷомеа обрӯманд, омӯзгорон, ҷамоатчигӣ, падару модарон ба таври ҳамешагӣ тақозо мекунад, ки ба рӯйдодҳои номатлуби атрофамон бетафовут набошем. Аз ҳама беҳтар, ба қишри ояндасози кишвар — ҷавонон, ки неруи пурқувват ва созанда мебошанд, пайваста дар мулоқоту суҳбат бошем. Дар ҳама ҷо, на танҳо ҷамъомадҳои нақшавӣ, балки дар нишасту маъракаҳои маросимӣ, чойхонаву мавзеъҳои истироҳатӣ корҳои таблиғотиро доир ба хатари терроризму экстремизм, шомил нашудани ҷавонон ба ҳар гуна равия, ҷамъият ва иттиҳодияҳои ифротгароии динӣ-экстремистӣ вусъат бахшем.

Агарчи бештарин ҷавонони даврони имрӯз, аз шароите, ки истиқлолият барояшон муҳайё кардааст, шукргузор буда, дар азхудкунии илму дониш ва касбият қуллаҳои баландро фатҳ кардаанд, ҳанӯз ҷавонони гумроҳ ҳам ҳастанд, ки бо андак фиреб ба доми ифротгароён афтода, мубталои асорати онҳо мегарданд.

Чанде пештар, тариқи расонаҳои даврӣ мо аз савгандёдкунии саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноии шаҳри Хоруғ, ки аз кирдорашон изҳори таассуфу пушаймонӣ намуда, дар назди қонун сар фуруд оварданд, огоҳ гашта будем.

Ин ҷиноят барои кулли онҳое, ки дар замир нисбати халқу давлати худ нияти бад меандешанд, сабақест ибратомӯз. Имрӯз бояд ин гуна ашхоси бадандеш бидонад, ҳар касе, ки нисбати халқу ватанаш хиёнат пеш мегирад, ҳеҷ гоҳ ба мақсадаш комёб намегардад.

Дар ин росто, моро зарур аст, ки дастаҷамъона алайҳи зуҳуроти террористию экстремистӣ муборизаи беамон барем. Нагузорем, ки ҳеҷ як нафар ҷавони кишвар ба доми ин бадхоҳон афтода, ба ҷони ҷавонаш ҷабру ба Ватан хиёнат намояд.