ИЗҲОРОТИ Г.ПУЛОДОВА, ОМУЗГОРИ ДКМТ: ЗАБОНДОНӢ БА ВОЛОӢ РАСОНАД

Барои ҳар як соҳибватан забондонй – чахондонист, бузургист, сарбаландист, ифтихор аст, ки дар хама гуна лахзахои хаёт чи гаму дард ва чи хушию шодмонй инсонро ёвару мададгор, дилбардору эхсосгар аст. Донистани забони гайр миллатро ба бузургй, фардро ба воломақомй ва давлатро ба пешравию муваффакият ноил мегардонад.

Забондонй ба волой расонад,

Зи гумрохию нодонй рахонад.

Касе к-у беш омузад забоне,

Расидан бар муроди дил тавонад.

 

Сарбаланду боифтихор аст, фарде, ки донандаи чандин забон асту хеч гох дар ягон маврид дар намемонад.

Забондонй дар ягон давру замон падидаи номатлуб нахохад буд. Он хамеша зарур, поянда ва боиси ифтихори баланд буда, шахси забондон чун шамъи равшангарат ва мачлисорой хамаи анчуманхоро равшанию нур ва хушиву сурур мебахшад.

Аз ин хотир чи дар Бадахшон чи дар Зарафшон барои омузиши ҳамаи забонҳои дунё шароити муътадил фароҳам оварда шудааст.