ДУШАНБЕ, 15.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки 15 феврали соли равон Гадоев Шарофиддин Мирзоалиевич, соли таваллудаш 19.05.1985, зодаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, ки муваққатан дар шаҳри Эиндховени Шоҳигарии Ҳоланд зиндагонӣ мекард, ихтиёран ба Ватан баргашт.
«Номбурда ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар Фурудгоҳи шаҳри Душанбе ихтиёран ҳозир шуда, изҳор намуд, ки ман аз корҳои кардаам самимона пушаймонам, ихтиёран бо хатсайри Москва-Душанбе ба Ватан баргаштам», — омадааст дар иттилоияи Вазорат.
Вазорат дар идомаи изҳорот аз забони Шарофиддин Гадоев овардааст: «Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кирдорҳои содиркардаи ман баҳои ҳуқуқӣ дода шавад. Ман даъват мекунам, ки дигар нафароне, ки дар кофтуков қарор доранд, низ баҳри ободии Ватан ихтиёран баргашта биёянд».
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гадоев Ш.М. аз соли 2012 бо моддаҳои 289 қисми 1 (Қочоқ) ва 340 қисми 2 (Сохтакорӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кофтуков қарор дошт.