ИЗҲОРОТИ А.ВОҲИДОВ ОМУЗГОРИ ДКМТ: ЭЪТИРОЗ БА ҲАДДИ ИФРОТ ҶОИЗ НЕСТ

Чанд вақти  охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабари кашф шудани намуди нави эътироз нисбати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шакли эътирози худро рӯи пули миллӣ навиштан мушоҳида мешавад.

Мавриди зикр аст, ки мо ба ин ҳолати баамаломада, чун як кӯшиши навбатии гуруҳҳои ифротгароӣ, ки ҳадафи асосиашон ноором сохтани ҷомеа аст, нигоҳ кунем. Кӣ ба ин гуна амалҳо қодир аст? Албатта ҳамон шахсе, ки на фикри ободонии ватани азизамон мекунаду, на ба қадри ин қадар пешравиҳову дастовардҳои бузурги Тоҷикистон мерасад. Мутаасифона, солҳои охир сафи одамони ифротгаро, ки барои расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ қодиранд ба амалҳои ғайриқонунӣ даст зананд, вазъияти тинҷу оромро халалдор созанд, зиёд гашта истодааст. Онҳо ҳатто тасаввур ҳам намекунанд, ки роҳи интихобнамудаи онҳо нодуруст буда, танҳо ба манфиати хоҷагони хориҷиашон равона карда шудааст.

Боварӣ дорам, ки таъмини сулҳу суботи ҷомеа ва давлат вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як сокини ба ору номуси кишвар аст. Воқеан мо дар муттаҳидӣ як қувваи бузург ҳастем, ки метавонем дар ояндаи наздик кишвари маҳбубамонро боз ҳам ба қуллаҳои баланди тараққиёти ҳамаҷониба расонем. Имрузҳо тамоми ҷидду ҷаҳди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фароҳам овардани шарту шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як сокини мамлакат равона гардидааст, ки боиси фараҳмандист. Аз ин лиҳоз, мо бояд пеш аз ҳама зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва нагузорем, ки кишвари азизамон бори дигар ба вартаи ҷанги хонумонсӯз кашида шавад.

ЭЪТИРОЗ ШОИСТАИ ДАСТГИРӢ НЕСТ!