ИЗҲОРОТИ А,ЁҚУБОВ ОМУЗГОРИ ДКМТ: ШИФОИ МО ДАР ХУДШИНОСИСТ

Адабиёти классикии мо саросар аз панду насиҳат аст ки барои насли имруза дарси зиндагӣ мебошад.

Аз ҷумла,  дарсе, ки Фирдавсӣ дар мавриди ватандӯстӣ ба мо медиҳад, дур будан аз маҳалгароиву маҳалбозист. Бадтарин дарде, ки ҷисми ватанро мехӯрад ва якпарчагии онро барҳам мезанад, дарди маҳалгароист.

Вақти он расида, ки бо доруи худшиносиву худогоҳии миллӣ ин дардро шифо бахшем ва чун Фирдавсӣ эълом бидорем, ки:

Ҳама ҷои Эрон сарои ман аст,

Ки неку бадаш аз барои ман аст.

 

Ба ин маънӣ, ки ҳар гӯшаи Тоҷикистон сарои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ бошаду ҳар пора сангу ҳар зарра хокаш барои ӯ муқаддас.

Бале, ба хотири гиромидошти Истиқлолияти ин кишвари зебо месазад, ки ба дониши пухта адои хизмат кунем.