ИЗҲОРОТИ А,ОТАЕВ, ОМУЗГОРИ ДКМТ: ҲИКМАТИ ИБРАТБАХШ

Осори ниёгони мо саршор аз панду насиҳат аст. Аммо «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ танҳо достони қаҳрамонӣ нест. Балки  асарест, ки дар он бисёр фикрҳои ватандўстона, панду ахлоқӣ, фалсафӣ ва илмӣ низ ҷой дода шудааст. Шоири инсондўст ва ватанпарвар ҳангоми тасвири воқеа ва ҳодисаҳо дар достонҳояш бисёр фикрhои пешқадам ва ҳикматҳои ибратбахше мегўяд, ки ба ҳукми зарбулмасал ва ҳикмат даромада, дар тарбияи ҷавонон аҳамияти калон доранд.

Шоир дар мавридҳои мувофиқ аз забони қаҳрамонони «Шоҳнома» фикрҳои ватандўстона гуфта, идеяи олии ватанпарвариро талқин менамояд. Ба ақидаи ў ҳар шахси ватандўст бояд ватанро муқаддас донад ва барои ҳифзи он ҷони худро дареғ надорад. Аз ин рў, дар ҳифзи ватан қурбон шудан беҳ аз он аст, ки кас ватанро ба дасти душманон бидиҳад.

Ҳикмати ин масал дар он аст, ки ватанро бояд дӯст дошт!