ИЗҲОРОТИ АБДУСАФО УМАРҶОНОВ, ДЕКАНИ ФАКУЛТЕТИ МЕТАЛЛУРГИЯИ ДКМТ: ҲАРФИ ҲИКМАТОМУЗ АСТ ҲАРФИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи донишро мустақиман тамошо карда ба андеша фуру рафтам, ки роҳбари давлати мо чи қадар дилсузона аз рушди соҳаи маориф ва донишандузӣ ҳарф мезанад. Аз ҷумла “ Сифати таҳсилот дар оянда низ ҳамчун масъалаи муҳимтарини соҳаи маориф боқӣ мемонад. Қобили зикр аст, ки барои таъмин намудани сифати таълим то имрӯз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳои дахлдор ва худи муассисаҳои таълимӣ корҳои зиёде амалӣ гардидаанд, вале барои ислоҳи вазъ дар ин самт бояд тадбирҳои ҷиддӣ ва қатъӣ андешида шаванд.

Аввалан, вобаста ба он, ки муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар робита ба гузариш ба низоми кредитии таҳсилот низоми холгузориву рейтингии садхоларо ҷорӣ кардаанд, бояд дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ низ барои гузариш ба ин низом ва меъёри баҳогузорӣ ҳарчи зудтар чора андешида шавад.

Масъулони соҳаро зарур аст, ки таҷрибаи кишварҳои пешрафта ва дар баъзе муассисаҳои таълимии кишвар ба таври таҷрибавӣ ҷоригардидаро натиҷагирӣ карда, ин масъаларо ҳаллу фасл намоянд.

Дуюм, чунонки маълум аст, дар муассисаҳои таълимии тамоми зинаҳои таҳсилот аз соли 2007 низоми назорати сифати таҳсилот ва аз соли 2010 низоми идоракунии таҳсилот амал мекунад.

Вале бо сабаби нокифоя будани таҷриба ва камфаъолиятии масъулон, ки дар сохторҳои идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ фаъолият мекунанд, амалӣ нашудани баъзе принсипҳои идоракунии ин самти муҳимтарини фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ба назар мерасад.

Дар робита ба ин, роҳбарони Вазорати маориф ва илм ва масъулини соҳаро зарур аст, ки тавассути татбиқи самараноки принсипҳои идоракунии сифат барои гузариш ба низоми муосири таъмини сифати таҳсилот замина муҳайё созанд.

Сеюм, мо сиёсати давлати худро дар соҳаи маориф ба сӯи наздикшавӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ ва ворид шудан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот равона сохтаем. Дар ин росто, моро зарур аст, ки низоми арзёбии сифати таҳсилотро низ ба ин меъёрҳо мутобиқ гардонем.

Аз ҷумла, мо бояд низоми кафолати сифати таҳсилотро, ки дар кишварҳои пешрафта, махсусан, дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ роҳандозӣ шудааст, ҳамаҷониба омӯхта, барои гузариш ба ин низом замина фароҳам оварем.

Ҳоло бо мақсади беҳтар намудани сифати таҳсилоти олии касбӣ ва мутобиқ кардани он ба талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар дар доираи Стратегияи миллии рушди соҳаи маориф ислоҳоти ҷиддии таҳсилоти олии касбӣ оғоз шудааст.

Илова ба корҳои то имрӯз дар ин самт амалигардида, Вазорати маориф ва илм ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бояд дар хусуси ба фазои ҷаҳонии таҳсилот мутобиқ намудани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва устувор гардонидани мақоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар арсаи байналмилалӣ барои аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани барномаҳои таълимӣ чораҳои зарурӣ андешанд”

Ҳарфи Пешвои миллат саропо ҳикмат аст ва онро мо сармашқи фаъолияти худ қарор медиҳем!