ИЗҲОРОИ КОРМАНДОНИ МАРКАЗИ БАЙАЙДГИРӢ ВА ТЕСТӢ: ҚАЛЛОБ ОШКОР ШУД!

Ба наздикӣ дар расонаҳо изҳороти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба нашр расид, ки аз рӯи шикояти 3 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онҳоро Муҳаммадиқболи Садриддин яке аз хоинони миллати тоҷик, аъзои ТТЭ ҲНИ  дар хориҷ аз кишвар дар шаҳри Дубайи АМА фиреб додаву 430000 доллари амрикоӣ онҳоро гирифтаасту дигар барнагардонидааст ва ин ҳам як навъ қаллобии наҳзатиён мебошад. Зеро қабл аз оне, ки М. Садриддин ба боварии ин 3 нафар шаҳрванди кишвар дарояд бештар аз ҳадисҳо ва ояҳои динӣ мисолҳо оварда, худро ҳамчун шахси поки мусалмон муаррифӣ кардаасту дар охир фиреб намудааст.

Маълум мешавад, ки ин махуфи наҳзатӣ ва ин хоини миллат М. Садриддин бештар бо ҳамин роҳ ба боварии мардум даромада онҳоро фиреб медодаасту талош мекардааст, то мақсадҳои нопокашро амалӣ гардонад, мисле ки ин 3 нафарро фиреб додаву маблағҳояшонро аз худ кардааст.

Акнун маълум шуд, ки ин наҳзатиёни махуф ва ин манфурони наҳзатӣ ба хотири гумроҳ намудани ҷомеа ва аз худ кардани маблағҳои мардум аз номи дину шариат баромад мекардаанду лек дар асл бошад, бар хилофи гуфтаҳои шариату дин амал менамудаанд. Чунки қаллобӣ ва фиребу дурӯғ дар дин маҳкум карда шудаасту марди диндор набояд қаллобиву дурӯғгӯӣ кунаду ҳаққт мардум бихурад. Аммо мебинем, ки наҳзатиён ҳамаашон бо ҳамин шева аз дину диндорӣ мегӯянду дар асл бошад, бар алайҳи он амал менамудаанд, ки ин аз як тараф бадномкунии дини ислом низ ҳаст.

Мо, кормандони марказ ин рафтори М. Садриддин хоини миллат ва террористи наҳзатиро маҳкум намуда, бар ӯ шармат бод мегӯем!