ИЗЗАТ АМОН ҚАЛЛОБИ ГУЗАРО Ё НАЙРАНГБОЗИ НАҲЗАТӢ

Одамгарӣ аслан бояд ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад, аммо одамгарӣ бояд бо дили нек ва беғараз бошад. Тавре, ки медонем, яке аз қаллобони рақами 1 Иззат Амон бештар талош мекард, то бо роҳҳои фиреб худро хизматкарда ба муҳоҷирон нишон диҳад. Борҳо шунидаем, ки Иззат Амон муҳоҷиронро фиреб кардааст ва пулҳояшонро гирифтаасту барнагардонидааст ва ё ин ки ҳуҷҷат месозам гуфта, пули калон гирифтаасту як варақи қалбакиро ба ҷойи ҳуҷҷат, пешниҳод кардааст, ки муҳоҷирони зудбовар бештар бар асоси ин ҳуҷҷати қалбакии сохтаи Иззат Амон суд мешуданд. Акнун тасаввур кунед, ки чӣ қадар муҳоҷир аз дасти Иззат Амон фиреб хӯрдааст?

Ҳисоб надорад! Иззат Амон як авбоши наҳзатпарсти хоин буд, ки фақат мехост аз ҳисоби муҳоҷирон ҷайбашро пур созаду кайфу сафо намояд. Ҳоло, ки як дасисабозу рекломшики наҳзатиён боздошт шуд, дигар ба пусти наҳзатиён кайк даромад. Наҳзатиёни террорист акнун аз қазияи як қаллоб, ки ба хотири фиреби ҷомеа    идеологияи охундиро тарғиб мекарду ҷавононро гумроҳ сохт, қазияи сиёсӣ месозанд, ки ин як макри дигари наҳзатиёни хоин мебошад.

Зеро наҳзатиёни хоин одат кардаанд, ки ҳар як қазияро тобиши сиёсӣ диҳанду ба худашон хол бигиранд, ки ин рафор на аз рӯйи одамгаристу на аз рӯйи ҳақиқат ва фақат ин амали наҳзатиёни террористро хиёнаткорӣ метавон унвон карду халос.

Иззат Амон воқеан ҳам як нафаре ҳаст, ки бар муҳоҷирон ба шахсони алоҳида зарари молӣ расонидааст, мардумро фиреб кардааст ва бояд, ки ба ҳар як амали нодурусташ ҷавоб бигӯяд.

Ҳама дар назди қонун баробар аст ва Иззат Амон, ки то дирӯз ба манфиати наҳзатиёни террорист фаъолият мебурду муҳоҷиронро фиреб мекард, бояд, ки маблағҳои бо роҳи фиреб аз муҳоҷирон гирифтаашро баргардонад.

М. Абдусаломов

омӯзгори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон