ИЗЗАТ АМОН ҚАЛЛОБЕ ДАР НИҚОБИ ҲИМОЯТГАРИ МУҲОҶИРОН

Нафаре, ки як умр муҳоҷиронро фиреб медоду худро ҳомии муҳоҷирон меҳисобид, имрӯз ба даст афтод. Иззат Амон ҳамон нафаре ҳаст, ки бо қаллоби ва фиреби муҳоҷирон машҳур асту гоҳ-гоҳ барои шустану пинҳон нигоҳ доштани ин ҷиноятҳояш  худро сиёсатмадоре дар байни  муҳоҷирон муаррифӣ менамуд. Аммо ин қаллоби гузаро ва фиребкор фаромӯш кард, ки ҳатман рӯзе мерасад, ки аз ҳақиқати ҳолаш мардум огоҳ мешаванду корро ҳамин хел намегузоранд. Иззат Амон нафаре, ки садҳо муҳоҷирро бо сохтани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ аз ҷо бе ҷо кардаасту ҳазорон муҳоҷирро ҳаташро сӯзонидааст. Яъне, ҳамеша теша бар реша задааст.

Ҳоло дигар Иззат Амонро мардум фаҳмиданд ва дарк намуданд, ки қаллобест, ки барои худ кайҳо роҳи наҷот ёфтааст. Шояд, Иззат Амон мепиндошт, ки агар рӯзе ҷабрдидаҳо дарашро кубанду ба мақомот муроҷиат кунанд, ӯ худро сиёсатмадор муаррифӣ мекарду ҷонашро бо ёрдами созмонҳои байналмиллалӣ харид, ки нашуд. Чунки, мардумро фиреб дода намешавад ва аллакай ҷомеа медонад, ки ин дастпарвари мактаби охундӣ ба худ ҷомаи макру ҳилла пӯшидаасту найрангбозӣ мекунад.

Акнун Иззат Амон дар фейсбук дигар воҳима карда наметавонад, дигар дурӯғ ҳам гуфта наметавонад, чунки ҳамаи муҳоҷирон ва мардум аз найрангаш огаҳӣ ёфтанд ва дарк намуданд, ки ӯ  ҳамчун ҳиллагари моҳир ва қаллоби гузаро бо ниқоб ба назди муҳоҷирон меояду ба ҷойи кӯмак ононро ғорат менамояд.

Иззат Амон борҳо миёни муҳоҷирон дасиса меандохту мардумро фиреб кард ва борҳо ҷавононро бар зидди якдигар мешӯронид, лек имрӯз  чеҳраи аслии ӯ ошкор шуд. Маълум шуд, ки Иззат Амон на ҳомиву ҳимоятгари муҳоҷирон, балки душмани рақами яки онҳо будаасту аз ҳисоби муҳоҷирон кайфу сафо доштааст. Вой бар ҳоли он нафароне, ки ба доми фиреби Иззат Амон афтоданду ғорат шуданд, чунки Иззат Амон пулҳои аз муҳоҷирон гирифтаашро то ба ҳол барнагардонидааст, ки ин ҳимоят не, балки душманӣ мебошад.

Дилмуроди Вафо

таҳлилгар, Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон