ИЗЗАТ АМОН ДАСИСАБОЗИ РАҚАМИ Ё ҚАЛЛОБИ МАККОР?!

Шояд барои аксарият чеҳраи аслии Иззат Амон ошно набошад, чунки ӯ як қаллоби моҳир ва дастпарвари охундҳои динфурӯш мебошад. Борҳо шудааст, ки Иззат Амон муҳоҷиронро фиреб кардаасту пули ононро надодааст, вале боз дар масҷидҳо баромад карда, аз онон пул ҷамъоварӣ намудааст, ки ин як хиёнати рӯирост мебошад.

Дуздии ошкоро дар рӯзи равшанро танҳо Иззат Амон анҷом медоду ҳал мекард. Яъне, агар касе фиреб медод, фардояш дар фейсбук аз сиёсат мегуфт, то мардум гумон кунанд, ки ӯ як сиёсатмадор асту дар фикри ҷомеа мебошад. Аммо дар фикри кадом ҷомеа?

Ҳамон нафаре, ки худаш муҳоҷиронро фиреб медиҳаду ғорат карду зиндагияшро аз ҳисоби муҳоҷирон пеш мебарад, чӣ тавр метавонад ҳомии муҳоҷирон бошад? Иззат Амон ҳаргиз ҳомии муҳоҷирон набуд, балки як душмани аслии муҳоҷирон буд ва фақат ӯ дузди моҳир ва найрангбози гузаро буд.

Иззат Амон дар ҳама ҷо худро ҳомии муҳоҷирон муаррифӣ мекард, гурӯҳи таблиғотияш ӯро реклама мекарданд, аммо як маротиба намеандешид, ки бо ҳуҷҷатҳои қалбакии сохтааш чандин ҷавон аз ҳаёт маҳрум шуд ё суд шуд. Лек, Иззат Амон ин гуноҳашро пинҳон мекард, кӯшиш мекард, ки худро ба ҷомеа дигар хел муаррифӣ намояду мисли хоҷаҳои наҳзатияш аз ҷайби мардум пулҳои бештар ғорат кунад.

Боре ҳам нашудааст, ки касе гуфта бошад, ки Иззат Амон аз киссаи худаш ба муҳоҷирон кумак кард, яъне ҳар коре ҳам ки мекард бо пули худи муҳоҷирон ва боз аз он пул барои худаш ҳам медуздид, ки ин як амали доимӣ буд барояш.

Акнун, ки ин ҳама ҷиноятҳои Иззат Амон ошкор шуд, ӯро наҳзатиён дигар хел муаррифӣ карда мехоҳанд, ки аз ҷавобгарӣ дар назди қонун халос намоянд, ки ин хаёли хом мебошаду бас. Душман душман аст, қаллоб ҳаргиз аз роҳаш намегардад, то ҷазо нагирад ва бояд, ки Иззат Амон низ дар назди қонун ҷавоб гӯяд, то ба дигарон дарс шавад.

Меҳвар Абдусаломов

омӯзгори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон