Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баҳри фаҳмонидани нуктаҳои асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ вохӯриву мулоқотҳо бо намояндагони аҳли зиё ва фаъолони ҷамъият баргузор гардид. Санаи 4-уми феврали соли 2021 дар муассисаҳои таълимии рақамҳои 11 ва 21-и ҷамоати Ғозиён ва муассисаҳои таълимии 42 ва 83-и ҷамоати Исфисор вохӯрии гурӯҳи корӣ бо роҳбарии ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ва сармутахассиси шуъбаи робита бо ҷомеаи кумиҷроияи вилоят Зоҳидов Олимҷон, роҳбари дастгоҳи КИ ҲХДТ Зоҳидов Алиҷон, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ Солиева Муяссар сурат гирифт.
Нахуст роҳбари гурӯҳи корӣ муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири кулли маосили ҷомеа буда, дар он ҳамаи паҳлӯҳои ба мардуми кишвар зарур ба инобат гирифта шудааст. Паёми мазкур дар алоҳидагӣ як стратегияи мукаммал барои рушди ҷомеаи солим ва пешграфтаву демократии миллати тоҷик буда, бештар такя ба саодати халқи азизи Тоҷикистон дорад.
Кулли мушкилот ва проблемаҳои мавҷуда дар Паём ба инобат гирифта шуда, роҳҳои ҳалли онҳо нишон дода шудааст, ки ин барои ҷомеа сабукиҳои зиёде меоварад. Таваҷҷуҳи Роҳбари муаззами давлатамон ба соҳаи маориф бениҳоят зиёд буда, ҳамасола дар шаҳру деҳоти мамлакатамон биноҳои таълимӣ ба истифода дода мешаванд ва ғамхориҳо нисбати омӯзгорону кормандони соҳаи маориф ва илм сурат мегирад, ки ин бисёр ҳам натиҷаи баланд мебошад.
Баргузор намудани озмунҳои сатҳи баланд ва аз ҷумла “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” худ далел аз муҳаббати беандозаи Пешвои муаззами миллат ба насли ҷавон ва китобхони кишвар мебошад. Ин бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки Роҳбари давлат барои баланд намудани маърифати ҷомеа аз ҳама таҷрибаҳо истифода мебаранд, то ҷомеаи комилан бомаърифат ва саводноку бофарҳанг ба камол расад.
Дар вохӯрии мазкур ҳамчунин аъзоёни гурӯҳи корӣ ширкат варзида маърӯзаҳои хешро қироат намуданд.
Саидов Анвар
раиси ташкилоти ибтидоии “Маърифат”- ДКМТ