Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд санаи 05.02.2021с. дар муассисаи таълими ғайридавлатии Коллеҷи тиббии ноҳияи Б. Ғафуров гурӯҳи кории тарғиботӣ зери роҳбарии ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ, Зоҳидов Олимҷон Алиҷонович –сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Анварзода Амирҷон –раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Б.Ғафуров., Раҷабова Зулфинисо –дотсенти кафедраи зоологияи МДТ «ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров», Дадобоева М. –директори маркази таълимии шаҳри Хуҷанд бо сокинон ва муҳассилини коллеҷи тиббӣ нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Аз ҷумла роҳбари гурӯҳи тарғиботӣ муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ қайд намуданд, ки бо мақсади ҳифзи саломатӣ ва нигоҳубини ятимону бепарасторон ва беҳтар сохтани шароити иҷтимоии маъюбон, нафақаи маъюбони гурӯҳи 1, нафақаи маъюбон аз синни кӯдакӣ, баланд бардоштани стипендияи донишҷӯён, инчунин дар таъмини фаровонии бозорҳои кишвар озод намудани кишоварзони мамлакат аз андози ягонаи замин дар соли 2021 иқдоми нек ва ғамхориҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат ба сокинони ҷумҳурӣ мебошад. Воқеан ҳам имрӯз мо бо шунидани Паём самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷиро дарк намуда, ба роҳи фардои ободу осоишта қадам ниҳодани миллатро замина мегузорем. Имкониятҳои рушд ва тараққиёти кишвар имрӯз ҳаматарафа омӯхта шудааст ва шароити зиндагии мардум боз аз ин ҳам беҳтар хоҳад гардид, ки ин натиҷаи назаррас барои ҷомеаи мо мебошад.
Дар вохӯрии мазкур ҳамчунин дигар аъзоёни гурӯҳи тарғиботӣ суханронӣ намуда, нуктаҳои Паёмро шарҳу тавзеҳ доданд.
Анвар Саидов