Идомаи корҳои созандагиву ободкорӣ дар донишкада бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба ҳамагон маълум аст, ки ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ корҳои созандагиву ободкорӣ бомаром идома доранд ва ин санаи муҳимро ҳамватанонамон бо дастовардҳои бузург ин шабу рӯзҳо пешвоз гирифтанд ва ҷараёни корҳои созандагӣ то ба ҳол идома дорад. Ҳамин аст, ки дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо пайрави аз иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон низ як қатор корҳои созандагӣ  ба анҷом расонида шуд, ки ин туҳфаи арзанда ба ҷашни ҳумоюнӣ мебошад.

Бо дастури ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ  саҳни донишкада ба таври комил тозаву озода намуда шуд ва ҳамчунин чароғҳои равшанидиҳанда дар остони донишкада насб карда шуд, ки ба намои берунии донишкада ва шаҳри Бӯстон ҳусни тоза зам менамояд.

Ҳоло чанд акс аз ҷараёни насб ва фаъолсозии азимчароғҳои хиёбонӣ бо тарҳу намои наву замонавӣ дар зимн гузошта мешавад.

 

 

Шуъбаи иттилоот