Иддаои навбатии беасоси қирғизҳо

Ворух қисми ҷудонашавандаи Тоҷикистони соҳибистиқлол буд, ҳаст ва боқӣ мемонад. Доир ба ин масъала ягон хел баҳс ҷоиз нест, чунки таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон таърихи куҳан доранд ва мувофиқи сарчашмаҳои таърихии якчандкарата исбот гардида Ворух маҳалли зисти аҳолии тоҷиктабор буд, ҳаст ва боқӣ мемонад. Чашмро дурусттар кушода бинед истиқоматкунандагони Ворухи имрӯза ҳамон меросбароне ҳастанд, ки ниёгон ба онҳо гузошта рафтанд (забони тоҷикӣ, ахлоқу одоб, тарзи ҳаёти муқимӣ, анъанаҳои миллӣ…). Масъалаҳои барои мисол ҳамчун меросбарандагон оварда шуда ҳаргиз маънои миллатгроиро надорад ва фақат бо мақсади ба ҳақиқати таърихӣ бо чашмҳои кушод нигоҳ карданро ифода менамояд.

Даъвоҳои беасоси Ҷумҳурии Қирғизистон дар масъалаи гирифтану соҳиб гаштани минтақаи Ворухи Тоҷикистон, ки ҳамчун анклав дар минтақаи Қирғизистон қарор дорад, мо аҳолии Тоҷикистонро бетараф гузошта наметавонад. Ҳар як ваҷаби сарзамини ватани маҳбубамон азизу мўътабар буда, мо ин даъворо қотеона маҳкум менамоем. Ворух марзи нангу номус ва ватандориву меҳанпарастист. Ватандорӣ аз ҳимояи ҳар як ваҷаби хоку замин ибтидо гирифта, бо дўст доштану ободу зебо намудани он таҳким меёбад, рушд мекунад. Ватандории мо тоҷикон аз қадим ба оламиён маълум мебошад. Масъалаи марзӣ Тоҷикистону Қирғизистон тӯли наздик ба 3 даҳсола то ҳол нуқтаи охирини худро наёфтааст. Аз рӯи сарчашмаҳои таърихӣ-ҷуғрофие, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ тасвир ёфтааст, агар объективона назар афканем аксари нуқтаҳои ба ном баҳсбарангези байни тоҷику қирғиз аслан заминҳои Тоҷикистон буда, бо сабабҳои номаълуми субъективӣ ба ҷониби ҳамсоя дода шуда буд. Ин раҳмдилии тоҷиконаро халқи қирғиз сӯистифода намуда, зина ба зина заминҳои таърихан ба миллату давлати мо тааллуқ доштаро аз худ карда то ҳатто даъвоҳои нав ба навро нашармидаву наҳаросида рӯи кор меоранд. Аз ҷумла Раиси Кумитаи давлати амнияти миллии Қирғизистон ва ҳамзамон роҳбарияти ҳайати Қирғизистон дар масъалаҳои наздисарҳадӣ ҷаноби Қамчибек Тошиев дар яке аз баромадҳои худ чунин даъвои аҳмақонаеро кард, ки гӯё “заминҳои Мурғобу Ҷиргатол” ба Қирғизистон тааллуқ дошта бошад. Сокин будани мардуми қирғиз дар ин ҳудудҳо маънои замини Қирғизистон будани онро намедиҳад. Агар мо ҳам ранги ҷаноби Тошиев даъво кунем, пас на танҳо заминҳои ҳаммарзӣ Исфара, балки билкулл Бодканту Ош ва ҳатто Бишкек ҳам аз мост. Зеро ки дар аксари минтақаҳои номбаркардашуда аксарияти миллиро тоҷикон ва тоҷикони қирғизгашта ташкил медиҳад.

Боз дар яке аз сомонаи расмии қирғиз иддаои роҳбари кунунии Бунёди “Мурас” ва як профессори қирғизро хондам, ки мегуяд чоряки минтақаи Тоҷикистонро сарзаминҳои марбут ба қирғизҳо ташкил медодааст. Ин даъвои беасоси ин аҳмақҳо девонагист. Бояд гуфт, ки сарчашмаҳои таърихӣ нишон медиҳад, ки на танҳо олимони рус, балки англису амрикоӣ ҳам оиди таърихи чандинҳазорсолаи мардуми тоҷик ва минтақаи Осиёи Марказӣ маълумотҳои саҳеҳ оварда шудааст.

Азизов Ш.Қ. ассистенти кафедраи экология