ЗУҲУРОТЕ, КИ ҶОМЕАРО БА ТАҲЛУКА ОВАРДААСТ

Ифротгароӣ ва тундравии динию мазҳабиро на танҳо халқи тоҷик, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ чашидаанд. Имрӯз мутаассифона, ин зуҳурот ба як масъалаи асосии башарият табдил ёфта ҳамчун вабои аср муаррифӣ мешавад.

Ҳар гуна ҳодисаҳои даҳшатбор, ки бо рехтани хуни инсон, бе саробон ва бе хонаву дар мондан анҷом меёбад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои  Роҳбари давлатро сахт мутаассир намуда, он кас борҳо қайд намудаанд, ки  бунёдгароӣ, тундгароӣ ва ифротгароии динӣ на танҳо хатари миллию минтақавӣ, балки хатари фаромиллӣ ва глобалист ва муборизаи муташаккилона бо ин «вабои аср» қарзи шаҳрвандӣ ва инсонии мардуми солимақли сайёра маҳсуб меёбад.

Мардуми тоҷик таъми талхи ҳодисаҳои солҳои 90-уми садаи XX-ро хуб чашидаанд. Ин амали ғайриинсонӣ ҳамаи моро бори дигар ҳушдор медиҳад, ки дар замони ҷаҳонишавӣ  башарият  бо душмани хориҷие, ки ягон чаҳорчӯбаи қоидаи зиндагиро риоя намекунанд, рӯ ба рӯем.

Муборизаи дастаҷамъонаи беамон бар зидди ин «вабои аср» бояд ҳамаи моро муттаҳид созад. Инҷо нақши занҳову модарон ва албатта аҳли зиё ва омўзгорон дар тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, фарқ кардани хубу бад, донистани таърихи худ басо муҳим аст.    

Боиси қаноатмандист, ки дар муассисаҳои олии кишвар фанни диншиносӣ ворид карда шудааст, ки  мақсади асосӣ ва ниҳоии он бедор ва огоҳ кардани ҷавонон аз ҳодисаи номатлуб маҳсуб мешавад ва зиёиёни дохилӣ бояд ин амали некро анҷом диҳанд.

Ба умеди дигарон набояд шуд. Дигарон ҳеҷ гоҳ дар фикри муттаҳидсозиву муҳитсозӣ нестанд, баръакс, онҳо бар он манфиат доранд, ки муҳитҳои фарҳангӣ ва тафоҳуми миллию мардумӣ вуҷуд надошта бошад.

Одатан, ҷавонон, ки аз лиҳози зеҳнӣ ва ақлонӣ рушд наёфтаанд, осебпазиртар буда, зуд ба ин ҷараёнҳо ҷалб мешаванд. Дар зеҳни онҳо, ки тозаю покиза аст, хурофот пур карда мешавад ва азбаски ҷавонон сахт ҳассосанд бегумон, раҳгум мешаванд. Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки давлати ҷавони миллӣ, истиқлолияти он, ки чун ниҳоли навбар аст ва ҷомеаи худро, ки маромаш  зиндагии шоиса ва босаодат аст аз чунин паёмади манфӣ эмин нигоҳ дорем.

        Аз ин рӯ дар тамоми кишварҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми нерӯву ҳастӣ барои пешгирии он ва таъмини амнияту осоиштагии мардуми мамлакат равона шудааст.

         Мо ки дар остонаи фарорасии рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор дорем, бояд аз ҳарвақта бештар ин сулҳу суботе, ки бо заҳматҳои бисёр азим ба даст омадааст ҳифз намоем ва нагузорем, ки он бадбинони давлату миллати мо ба ин сулҳи бебаҳои мо осебе расонанд.

 Бошад, ки ҳамеша парчами давлати мо дар фазои сулҳу субот партаффишон бод!

Валиева М.

омӯзгори донишкада