ЗОИРОВ МАГАР НИЁЗ БА РАВОНПИЗИШК ДОРАД?!

Чанде қабл санаи баргузор намудани интихоботи президентӣ аз ҷониби Парлумони кишвар тасдиқ карда шуд, ки дар пайи ин раиси ҲСДТ Р. Зоиров норозигӣ баён намуда, мухолифати хешро бар ин тасмими Парлумон баён намудааст, ки воқеан ҳам инсонро ба хандидану гиристан ба ҳолашу ҳизбаш водор месозад. Зеро он чӣ Р. Зоиров дар баёнияи хеш гуфтааст, як сухани ноҷо ва нодурусту ғайриқонунӣ мебошад. Ҳеҷ як қарор ва дастури Парлумон берун аз манфиати миллат имрӯзҳо ба тасвиб намерасад ва он чӣ имрӯз тасдиқ шудааст ҳатман ба хотири беҳдошти саломатии ҷомеа мебошад, ки Р.Зоиров бар хилофи он баромад намудааст.  Ин маънои онро дорад, ки Р.Зоиров ва ҳизбаш бар зидди миллат ва арзишҳои ҷамъиятӣ баромад мекунанду чашми беҳбуди рӯзгори мардумро надоранд. Даъвои ӯ комилан бепоя буда, фақат изҳоротдиҳанда, яъне худи Зоировро миёни ҷомеа шарманда кардаасту халос.

Ин амали Р. Зоиров рафтори як равониро мемонад, ки дидаву дониста бар алайҳи Парлумони кишвар, ки вакилонаш сад маротиба донотару ботаҷрибатар ҳастанд, мубориза мебараду худро хандахариши омма гардонид ва ин албатта маънои онро дорад, ки Зоирови роҳбари ҳизб аз вазъияти ҷомеа бехабар асту бо фармони хоҷаҳои хориҷияш менависаду намедонад, ки чӣ навиштаистодааст.

Аммо аҷибаш он аст, ки боз як гурӯҳ ҳамин Зоировро гӯш мекунанду ӯро роҳбари ҳизб эълон кардаанд?

Наход роҳбари ҳизб чунин як бемору бехабар аз ҳоли ҷомеа бошад?

Дар кадом давлати дунё як бемори равониро роҳбари ҳизб эълон кардаанд?

Воқеан ҳам дили инсон бар ҳоли аъзоёни ҲСДТ месӯзад, ки чунин роҳбари дур аз воқеияти ҳаётро гӯш мекунанду тоқат мекунанд ва ӯро то ҳол роҳбари ҳизб мондаанд, ки воқеан ҳам мояи шармсорист.

Аммо чизи дигаре, ки моро нигарон намудааст, ин саломатии Р. Зоиров мебошад, ки дар чанд соли охир аз бад шуданаш аз худ дарак медиҳад ва ин албатта ба андешаронӣ ва гуфтораш низ таъсир расонидааст, ки дар ин маврид бояд Р. Зоиров ба табибон махсусан равонпизишкон муроҷиат намояд. Инро на ман, балки дигарон ҳам тасдиқ мекунанд, ки Р. Зоиров воқеан ҳам ба равондармонӣ ниёз дорад.

Аз ин рӯ, ҷомеа аз суханрониву изҳоротҳои Р. Зоиров набояд нороҳат шавад, зеро шахси бемор чиҳое намегӯяд.

М. Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ