ЗОДРӮЗ ХУҶАСТА БОД, УСТОДИ АРҶМАНД АНВАР ОТАЕВ!

Имрӯз яке аз омӯзгорони сермаҳсул ва масъулиятшинос, геологи хизматнишондодаи Тоҷикистон, устоди садҳо шогирдон, шахсияти хоксору заминӣ Анвар Отаев зодрӯз доранд. Устод Анвар Отаев кашшофи даҳҳо конҳои хурду бузург, муаллифи даҳҳо лоиҳаву ҳисоботҳои геологӣ ба шумор мераванд. Устод яке аз шахсиятҳои ангуштшумор дар Вилояти Суғд мебошад, ки аксарияти конҳои ин минтақаи ҷумҳуриро хуб медонанд ва ба геологони ҷавон маслиҳатҳои худро баҳри омӯзишу кашфи конҳои нав дар ин минтақа дареғ намедоранд. Устод айни замон ба ҳайси саромузгори кафедраи геология ва корҳои нафту гази Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ба донишҷӯёни ихтисоси геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданоки аз фанҳои тахассусӣ дарс мегӯянд. Хоҳ дар дарсҳо ва хоҳ дар танаффусҳо бошад, устод доимо дар ҳалқаи шогирдонанд.

Ҳайати профессорию омӯзгории донишкада устоди азизро ба ҷашни зодрӯзашон муборакбод гуфта, ба эшон пеш аз ҳама саломатии бардавом, умри дарози бобаракат, ва муваффақиятҳои илмиву эҷодиро таманно мекунем.