Зодрӯз хуҷаста бод профессор Қозиев Камолудин!

Имрӯз зодрӯзи фарзанди содиқи Ватан, яке аз омӯзгорони асил ва ҷонфидо, шахсияти хирадманду нотакрор, инсони шарифу олими накӯном, инсони комилу шуҷоъ, нафари донишманду ҳақиқатмеҳвар, фарди орифу одил, марди шарафманду покниҳод, шахси зафарманду соҳибэҳтиром, пажӯҳишгари сермаҳсулу равшанфикри равшанзамир декани факултети электромеханика профессор Қозиев Камолудин аст, ки ҳайати профессорию омӯзгории донишкада соҳибҷашнро ба ин рӯзи нек табрику таҳният гуфта ба он кас умри дарози пурбаракат ва муввафақияту пешрафт таманно менамоянд.
Қозиев Камолудин Сангинович аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ба фаъолият пардохта, то ба вазифаи муовинии аввали ректор дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон фаъолияти пурсамар бурдаанд.
Хидматҳои Қозиев Камолудин дар рушди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва тарбияи намудани наслҳои ҷавону мутахассисони ояндасоз беназир аст. Мавсуф умри хешро баҳри рушду пешрафти донишкада сарф намуда, то тавонистааст обрӯву мақом ва манзалати донишкадаро баланд бардоштааст. Дар таъсиси ихтисосҳои нав, кафедраҳои нав, факултетҳои нав, шуъбаву раёсатҳои нав саҳми Қозиев Камолудин ҳамчун роҳбари оқилу кордон ва шахсияти ватандӯсту омӯзгори асил хеле зиёд аст.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки Қозиев Камолудин ҳамчун инсони ҳалиму хоксор ва ва омӯзгори ҷонфидову ватандӯст дар тарбия намудани насли ҷавон ва омӯзгорони ҷавон саҳми арзишманде доранд, ки ҳайати профессорию омӯзгории донишкада ин хидматҳоро ҳамеша арҷгузорӣ менамояду барои ин хидматҳо ба эшон изҳори сипос баён менамояд.
Профессор Қозиев Камолудин аз зумраи он шахсоне ҳастанд, ки ҳамеша бо дили пок ва рӯҳияи қавӣ дар омода намудани мутахассисони ватанӣ саҳм гузоштаанду софдилона бар Ватан хидмат кардаанд, ки ин хислатҳои нек ва ҷонфидоӣ он касро ҳамчун инсони покзамир ва ғамхор мақбули ҳамагон гардонидааст.
Имрӯз агар дар бораи профессор Қозиев Камолудин ҳар қадар зиёд сухан намоем ва ҳар қадар аз фаъолияти пурсамари эшон бинависам кам аст, чунки саҳми он кас барои рушду пешрафти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва тарбияи насли ҷавон бениҳоят бузург мебошад ва ин ҳамаро ҷомеаи меҳнатии донишкада ва аҳли назар нек баҳо додаанду оқилона арҷгузорӣ менамоянд.
Ҳайати профессорию омӯзгории донишкада аввал ба волидайни профессор Қозиев Камолудин ҷиҳати тарбия ва бар Ватан ҳадя намудани чунин фарзанди хирадманду оқил, инсондӯсту дилсӯз, покнандешаву равшанзамир изҳори сипос мегӯяд ва ба баъдан ба ҳамкори арҷманд, омӯзгори шарафманду олими сарсупурда, профессор Қозиев Камолудин умри дарози пурбаракат, зиндагии гуворову осоишта, тани сиҳату хотири ҷамъ, сарвати бебаҳои зиндагӣ, муваффақияти беназир таманно намуда, хоҳони пешрафту комгории мудом мебошад.
Зодрӯз хуҷаста бод устоди арҷманд профессор Қозиев Камолудин Сангинович!