ЗОДРӮЗ ХУҶАСТА БОД, ПРОФЕССОР БАХТИЁР МАҲМАДАЛӢ!

Имрӯз, яке аз шахсиятҳои фаъоли ҷомеа фарзанди фарзонаи диёр, роҳбари меҳрубон ва хоксор Бахтиёр Маҳмадалӣ зодрӯз доранд.
Бахтиёр Маҳмадалӣ аз замони қадам гузоштан ба Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ободкориву созандагиро пеш гирифта, дар донишкада хеле корҳои некро ба сомон расониданд.
Ҳамчунин, барои дастгирии олимони ҷавон пайваста талош менамоянд. Барои олимоне, ки дар донишкада рисолаи номзадӣ ҳимоя менамоянд 10000 сомонӣ ва барои онҳое, ки рисолаи докторӣ дифоъ мекунанд 20000 сомонӣ муайян намуданд, ки то дер боз набуд. Ва ин аз намунаҳои ғамхории эшон ба илм мебошад.
Аз ҳама муҳим одамгарии Бахтиёр Маҳмадалӣ аст, ки ҳамеша мехоҳад ба тамоми кормандон, ёру рафиқон дасти мадад дароз намояд.
Аз ҳолу аҳволи кормандон пайваста мепурсад.
Ва ҳамин хел аз ҳоли ҳама огоҳ мегардад ва инсонияти волоро соҳиб аст, Бахтиёр Маҳмадалӣ!
Мешавад гуфт, ки Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ аз мактаби бузурги идорӣ гузаштаанд ва ҳамеша талош мекунад, то шогирдони меҳандӯст, ҷонфидо ва содиқро тарбия намоянд, ки аллакай шогирдони хуб ҳам доранд.
Ҳамеша, аз кормандон хоҳиш мекунад,то ошкоро гап зананд, камбудиро гап зананд ва доим мегӯяд, ки маро ҳурмат накунед, корро ҳурмат кунед, масъулиятатонро содиқона иҷро кунед, ки ин хислат на ба ҳар кас даст додааст.
Бештар талош мекунад, то барои пешрафт ва рушди соҳа саҳме гузорад ва мутахассисро сахт эҳтиром мекунад, ки ин аз маҳорати баланди роҳбарияш вобаста аст.
Ва ҳамин ҷо ба Бахтиёр Маҳмадалӣ ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон саодатмандиву сарбаландӣ хоста, барояшон дар корҳои минбаъда муваффақияту барор ва дар ҳаёт тамоми хӯшиҳои зиндагиро таманно менамоем!
Садсола шавед, роҳбари қадрдон!
Милод муборак профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ!

Маълумотнома аз ВИКИПЕДИЯ

Бахтиёр Маҳмадалӣ (Маҳмадалиев Бахтиёр Набевич; зод. 24 феврали 1971ноҳияи Советвилояти Кӯлоб) — иқтисоддон, доктори илмҳои иқтисод (2023).

Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ 24 феврали соли 1971 дар деҳаи Кангурти ноҳияи Совети вилояти Кӯлоб таваллуд шудааст. Соли 1993 Донишгоҳи давлатии Ростовро аз рӯи ихтисоси сиёсатшинос, омӯзгори фанҳои сиёсӣ, соли 2002 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистонро аз рӯи касби иқтисодчӣ-бозраси андоз, соли 2005 Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси ҳуқуқшинос ва соли 2020 Коллеҷи кӯҳии назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистонро аз рӯи касби истихроҷи конҳои канданиҳои фоиданок хатм намудааст[1].

Фаъолияти кориашро соли 1995 дар шуъбаи методологияи андозсупорандагони Кумитаи андози назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, то соли 2000 дар вазифаҳои нозир, нозири калон, сарнозир ва сардори шуъба адои вазифа намудааст.

Солҳои 2001—2003 муаллими калони кафедраи «Андоз ва андозбандӣ»-и Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон, солҳои 2003—2006 сардори шуъбаи кадрҳои Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон, солҳои 2006—2007 сардори шуъбаи кадрҳои Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, солҳои 2007—2008 сармутахассиси раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2008—2013 ёрдамчии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2013—2014 мудири бахши Шуъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2014—2017 сармутахассиси раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2017−2018 дотсенти кафедраи «Андоз ва андозбандӣ», докторант-коромӯзи кафедраи «Назарияи иқтисодӣ»-и Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, солҳои 2018—2020 дар вазифаи директори Коллеҷи кӯҳии Донишкадаи куҳию металлургии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Аз 24 ноябри соли 2020 ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон таъйин гардид.

Муаллифи беш аз 140 мақолаи илмию методӣ дар самти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва муаллифи 2 монография, 2 васоити таълимӣ, 2 китоби дарсӣ мебошад[2].