ЗОДРӮЗ ХУҶАСТА БОД МУҲТАРАМ БАХТИЁР МАҲМАДАЛӢ!

Имрӯз зодрӯзи ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аст, ки мо ҳайати кормандону омӯзгорон роҳбари донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалиро ба ин рӯзи нек табрику таҳният гуфта, барояшон саодатмандиву сарбаландӣ ва муваффақият таманно менамоем.
Бахтиёр Маҳмадалӣ аз роҳбарони ғамхору дилсӯз ва шахси пешсаф буда, барои рушди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон як қатор корҳоро анҷом додааст, ки ҳайати кормандон аз ин роҳбари оқилу хирадманд сипосгузор мебошанд.

Бо омадани профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ рушду ободии донишкада дар маҷрои нав қарор гирифта, марҳилаи нави рушду пешрафт оғоз гардид ва имиҷи донишкада низ ба гунаи нав муаррифӣ карда шуд, ки ин ҳама заҳмати профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ мебошад. 
Муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ зодрӯз хуҷаста бод, умри дарози пурбаракат бинед! Мо ба Шумо беҳтарин хушиҳои зиндагиро орзӯ менамоем! 

Бо эҳтиром ҷомеаи меҳнатии ДКМТ