Имрӯз яке кормандони фаъоли донишкада, мутахассиси варзида ва пешгом, бонуи нексиришту поквиҷдон, зани ватандӯсту меҳнатдӯст сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси донишкада Мӯминова Дилором зодрӯз доранд, ки ин ҳамкори азизу арҷманд ва гиромиро табрику таҳният гуфта, барояшон саодатмандии комил ва пешрафту муваффақият таманно менамоем.
Ҳайати профессорию омӯзгории донишкада аз фаъолияти чандинсолаи бонуи фаъол, зани шуҷоъ ва меҳрубону ҳалим Мӯминова Дилоромхон сипосгузор буда, он касро ҳамчун зани боэффату бо эҳтиром мешиносанд ва ҳамчун корманди фаъолу кордон эҳтиром менамоянду ҳамеша ба эшон таҳсин мехонанд.
Воқеан ҳам дар бораи чунин бонувони фаъол ва боэҳтирому боиззат ҳар қадар сухани хуб нависед кам аст, зеро чунин бонувони фаъолу беназир ба мисли Дилоромхон Мӯминова дар ҷомеа ангуштшумор асту ба беҳтарину волотарин суханҳо меарзанд.
Мо, дар ҳамҷоягӣ бо ҳайати кормандони донишкада, бонуи ҳалиму меҳрубон, нозактабъу маҳинхиром, хушгуфтору хушрафтор некназару покният, ҳамкори азизу гиромӣ Дилоромхон Мӯминоваро ба ин санаи нек, зодрӯзашон табрику таҳният гуфта, барояшон бахту иқболи баланд ва саодати мудом дар зиндагӣ, умри дарози пурбаракат таманно менамоем.