Имрӯз, муовини ректор оид ба корҳои тарбияи донишкада Аминҷонова Мавлуда зодрӯз доранд ва дар ин рӯз ба некӣ гуфтани кору пайкори муаллимаи гиромӣ бисёр амали нек мебошад. Ҳарчанд муаллима Аминҷонова М.С. хоксорӣ мекунанду ин санаи муҳимро нодида мегиранд, лек моро зарур аст, то чанд ҳарфе дар бораи Аминҷонова М.С. бигӯем. Муаллимаи арҷманд зиёда аз 20 сол мешавад, ки дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон фаъолият доранд ва дар ин муддат шогирдони зиёдеро тарбия намудаанд. Ҳамчунин мақолаву навиштаҳояшон дар маҷаллаву рӯзномаҳои ҷумҳурӣ зиёд ба нашр расидааст, ки барои тарбия насли ҷавон равона карда шудааст….
Дар ин санаи нек, рӯзи милоди муаллимаи азизро бо ин ҷашни фархунда табрику таҳният гуфта, барояшон сиҳатмандиву саодатмандӣ ва барору комёбиҳои навро таманно менамоем. Ҳамеша муваффақ ва ҳамин хел фаъол бимонед, муаллимаи арҷманд! Умри дарозу пурбаракат насибатон гардад, муаллимаи азиз муҳтарам Аминҷонова М.С. ! Милод хуҷаста бод! Садсола шавед!
Андак расмӣ:
Фаъолияти илмӣ – педагогии Аминҷонова Мавлуда Самиҷоновна аз Коллеҷи кӯҳӣ-металлургии шаҳри Чкалов ( Бӯстон) ба ҳайси омӯзгори забони тоҷикӣ оғоз гардид. Аз соли 2006 дар заминаи Коллеҷи мазкур Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон таъсис гардид, ки дар вазифаҳои муаллими калони кафедраи забонҳо то мудири кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ фаъолият намудааст.Мавсуф, рисолаи номзадии хешро моҳи апрели соли 2014 аз рӯи ихтисоси 13.00.01 дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дифоъ намуда, то ҳол муаллифи 2 монография, 59 мақолаҳои илмӣ – оммавӣ мебошад. Аз соли 2018 то ҳол Узви Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-27-и ДДХ ба академикноми Б.Ғафуров мебошад.
Дар асоси фармоиши Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон № 20 аз санаи 11. 02. 2020 с. муовини ректор оид ба корҳои тарбияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон таъин гардида, то ҳол фаъолияти меҳнатӣ дорад.
Аминҷонова Мавлуда Самиҷоновна дар самти тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ мунтазам корбарӣ намуда, дар чорабиниҳои фарҳангию сиёсии донишкадавию шаҳрӣ ва вилоятиву ҷумҳуриявӣ бо иштироки кормандону донишҷӯён фаъолона иштирок менамояд. Пайваста бо иштироки донишҷӯён бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ходимони дин, маркази саломатӣ сӯҳбату вохӯриҳо оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, пешгирии ҷавонон бар ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо, танзими анъана ва расму оинҳо, одобу ахлоқи ҳамида, манъи ба бар намудани либосҳои бегона корбарӣ корбарӣ намуда, фаъолияти хешро пеш бурда истодааст.
Мавсуф, ҳамчун корманди пуртаҷриба дар байни ҷомеаи меҳнатии донишкада обрӯю нуфузи хоса дорад.
Аминҷонова М.С. яке аз омӯзгорони фаъол, бонуи фидоӣ ва меҳандӯст буда, дар самти татбиқи сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маориф, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа саҳми беандоза гузошта, пайваста дар ин самт корбарӣ намуда, талош менамояд, то бонувон аз имтиёзҳои давлатӣ бебаҳра намонанд. Феълан, ҳамчун муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова Мавлудабону ба тарбияи насли ҷавон машғул буда, дар тарбия ёфтани ҷавонон ҳамчун шахси комил саҳм мегузорад ва барои ҳамчун фарди солим ва бо дониш такомул ёфтани онон мусоидат менамояд.
Мақолаву навиштаҳои Аминҷонова М.С. дар рӯзномаву мақолаҳои ҷумҳурӣ ва Федератсияи Россия ба нашр гардидаанд. Маводҳои тарбиявӣ, дастуру раҳнамоҳои аз ҷониби муаллима Аминҷонова Мавлуда ба интишор расида то ба имрӯз баҳри тарбияи ҷавонон ва корбарии занон бо оила, дастгирии сиёсати давлатӣ, тарбияи насли комилан такомулёфтаи меҳнатдӯст дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ мавриди истифода қарор дорад.
Ногуфта намонад, ки Аминҷонова М.С. дар корҳои ташкилӣ ва баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ, гузаронидани рӯзҳои шоирону нависандагон ва арҷгузорӣ ба шахсиятҳои хидматнишондодаи ҷумҳурӣ саҳми арзанда дошта, фарҳанги волои тоҷикиро пайваста тарғибу ташвиқ менамояд.
Дар интиҳо ҳамин қадар илова намудан мумкин аст, ки муаллима Аминҷонова Мавлуда дар оилаи содиқ ва меҳандӯст ба воя расида, то ба имрӯз ин хислатҳои накӯро дар худ нигоҳ доштааст ва бо кормандону омӯзгорон муносибати накӯи коллективонаро ба роҳ андохтааст, ки аз чунин кадрҳо ҷомеаи меҳнатӣ ва ҳам ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаккул меёбад ва рушд менамояд.