Зодрӯз хуҷаста бод муаллимаи арҷманд Комилова Хуршедахон!

Имрӯз яке аз ҷавондухтарони фаъол, бонуи ҳалиму меҳрубон, зани покниҳоду некният, зебову поксиришт, корманди фаъолу пешқадами донишкада сардори Шуъбаи умумӣ ва назорат Комилова Хуршедахон зодрӯз доранд, ки он касро ба ин санаи нек табрику таҳният гуфта, барояшон саодатмандиву сарбаландӣ ва муваффақият таманно менамоем.

Комилова Хуршедахон аз бонувони фаъолу кордон, пешсафу меҳнатдӯст, фидоии касбу пеша хеш буда, тамоми ҳамкорон ҳайати профессорию омӯзгории донишкада аз фаъолияти ин бонуи муваффақ сипосгузор мебошанд.
Пиру барнои донишкада ин бонуи фаъол ва кордону болаёқатро эҳтиром намуда, ҳамеша миённатдоранд.
Мо, ба ин бонуи муваффақ ва некнияту боиффат саодатмандиву сарбаландӣ ва пешрафту комгорӣ таманно намуда, хоҳони хушиқболиву хушбахтии ҳамешагии Комилова Хуршедахон ҳастем.
Зодрӯз хуҷаста бод муаллимаи азизу арҷманд ва гиромӣ Комилова Хуршедахон!