Зодрӯз муборак!

Имрӯз мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ Раҳимова Шаҳнозабону зодрӯз доранд ва эшонро самимона ба ин рӯзи накӯ табрик менамоем. Ҳамзамон ба маълумоти донишҷӯён расониданӣ ҳастем, ки ҳамин лаҳзаҳо мақолаи илмии муаллима дар нашрияи “Ганҷ”-и Саридораи геологияи тоҷик ба нашр расид.

Муаллимаи азизу гиромӣ, ҳамкори арҷманд шуморо бо фарорасии рӯзи милоди хуҷастаатон самимона табрик намуда, ба Шумо саодати ҳамешагии рӯзгор ва муваффақиятҳо дар корҳои илмиро таманно менамоем ва аз забони  шоир гуфтанием:

Ниҳоли қоматат пурбор гардад,
Туро умри наку ҳам ёр гардад.
Дар ин дунё бизи сад соли дигар,
Ки дунё аз паят гулзор гардад.

 

Зодрӯз муборак бошад, муаллимаи гиромӣ!