Барои як идда хомабадастон журналистика минбари ҳасрат гардидааст. Аммо аз зери нохун чирк кофта, танҳо нуқси ҷомеаро инъикос намудан маънии матбуоти озодро надорад. Мирзои Салимпур бошад мушт ба сина зада, аз минбари ҳасратҳои худро нола мекунад. Вале пайравони ташкилоти террористӣ-экстремистӣ гумон мекунанд, ки мардуми тоҷик аз хиёнатҳои ин гуна нафарони беватан огоҳ нестанд. Маҳз ана ҳамин гуна нафарон ба Ватани хиёнат карда истодаанд, ки хиёнаткориашон ҳадду канор надорад.
Онҳо бештар дар такя ба воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла сомонаҳои шабакаи интернетӣ хоинони ватан ба монанди Мирзои Салимпур аз хориҷа истода, мехоҳанд бо далелҳои беасоси худ амният ва сулҳу суботи кишварро халалдор намоянд. Лекин тамоми мардуми кишвар огоҳи дорад, ки онҳо сагони хориҷии худанд ва дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон даст ба амалҳои ҷиноӣ мезананд.
Теғи заҳролуд дорад шикваи Мирзои Салимпур. Дар он сурат ба навиштаҳои ин тангназари хиёнаткор дар сомонаҳои шабакаҳои интернетӣ назар афканем аён мегардад, ки фикру ақидаҳои ӯ дар асоси дастуру супоришҳои хоҷагонаш сурат гирифта, нияту мақсадҳояш гумроҳкунии мардум ба хусус ҷавонон буда, мехоҳад кишвари озоду соҳибистиқлоли моро ба вартаи ҷангу ҷидол табдил диҳад.
Баробари нуқс дар мулки мо ободӣ ҳам ҳаст. Дастовардҳои ҳам назаррасанд. Зина ба зина дар арсаи истиқлолияти иқтисодӣ ба пешравиҳо ноил мешавем. Хуб мешуд, ки имруз ба комёбиҳои халқи тоҷик ба чашми камбин не, балки ба дилу дидаи гарм нигарем. Аз теғи олудаи заҳр даст кашем.
Тахмина Абдуллоева , омузгори ДКМТ