ЗИ ШОХИ ОРЗУ ГУЛ ЧИДАН МЕБОЯД

Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол НАСРУЛЛО зимни андешаҳои худ чунин менависад: “Барои расидан ба армони баланд ва тақдирсози миллӣ халқи некӯманиши моро се омил, се амал, се мақсади ҳадафмандона, ки имрӯз ногузир аст, бояд дар пешорӯ бошад.

Аввалан, пайгирӣ аз армонҳои бузург ва ҳадафҳои баланди миллӣ; дуюм, ягонагиву ваҳдати миллӣ, аз як гиребон сар баровардани аҳолии кишвар; сеюм, сабру таҳаммул, заҳмати фидокоронаву ватандӯстона дар баробари пайгирӣ аз  ҳадафҳои баланди миллӣ. Ва мояи сарфарозиву шодмонии мост, ки дар сиёсати созанда ва ватандӯстонаи Пешвои миллатамон маҳз ҳамин ҳадафҳо аз оғози Истиқлолияти давлатӣ пайгирӣ шудаву натиҷаҳои самаранок додаанд. Зиндагӣ нишон дод, ки замина ва мутаккои боэътимоду самарбахш ва зафаровари халқи мо маҳз дар ҳамин ҳамдиливу ягонагӣ, эътимоду эътиқоду боварӣ ба худ, халқи худ, бунёдкориву созандагӣ бо мақсад ва ҳадафҳои неку баланд аст.

Дар тамоми даврони Истиқлолияти давлатии кишварамон ҳадафҳои созандаи халқи мо аз Паём то Паём тавассути роҳнамоиҳои хирадмандонаи Сарвари давлат, Президенти муҳтарамамон гузошта мешуданду халқи заҳматпарварамон бо рӯҳбаландии ватандӯстона аз пайи иҷрои онҳо мегардид. Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғоз то имрӯз роҳнамои мушаххаси созандагиҳои кишвар, қадамҳои устувор барои иҷрои армонҳои баланди миллӣ, нақшаҳои бузурги эҳёи дубораи ин халқи соҳибтамаддун ва кишвари куҳанбунёд гардидаанд. Ва ҳар сол дар ҳар Паём тозагӣ ва ҳадафмандии қавитару вазифаҳои тақдирсози нав ба наву баландтар гузошта мешуданд, ки имрӯз моро ба ин марҳилаи шукуфову ободонӣ ва сатҳи ба кулли дигари зиндагӣ расониданд.

Як ҷиҳати дурахшони ин паёмҳоро мехоҳам махсус зикр кунам, ки хеле муҳим аст ва шояд яке аз омилҳои асосии иҷрои ин паёмҳо ва комёбиҳои кишвар маҳз ҳамин бошад. Ин ҷиҳат ангезаҳои ватандӯстонаест, ки дар ҳар Паём, дар ҳар ҳарфи Пешвои миллат ироа шудаву  моро фаро мегиранд ва ҳаргиз бетарафу бетафриқа намегузоранд. Яъне ин паёмҳо танҳо як даъват, нақша ва роҳнамои муқаррарӣ нестанд, балки ҳарф ба ҳарф дар худ муҳаббату самимияти ватандӯстона  доранд, ки ба онҳо гармиву рӯшанӣ мебахшанд ва  мардумро бо  ҳамин муҳаббат ба созандагӣ илқо мекунанд.

Ҳар боб, ҳар ҷумла ва ҳар нуктаи Паёми имсола метавонад барои суҳбату пажӯҳиши доманадор мавзӯъ диҳад, аммо дар ҷамъбасти соли куҳан нуктаи аз ҳама ҷолиб барои банда дар Паёми мазкур зикр  шудани се дастоварди бузурги миллатамон дар соли сипаришуда, яъне соли 2018 буд, ки метавон онҳоро дастовардҳои таърихии замони Истиқлолияти давлатии кишварамон донист.

Дастоварди аввал, чунонки Пешвои миллат зикр карданд,   расман оғоз гардидани ташаббуси чоруми Тоҷикистон дар соҳаи об Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” бо иштироки  Пешвои миллатамон дар Маҷмаи Созмони Милали Муттаҳид мебошад, ки нуфуз ва обрӯи кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардорад.

Дастоварди бузурги таърихии дигар, ки армони ҳазоронсолаи миллати  моро амалӣ гардонид, ин ба кор андохта шудани Неругоҳи барқи обии “Роғун”- иншооти тақдирсозест, ки Пешвои миллат онро “ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва қадами устувору бузурги давлати мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ – истиқлолияти энергетикӣ” номиданд.

Дастоварди воқеан дурахшони сеюм, ки низ барои миллати мо бениҳоят муҳим ва арзанда аст, ин дӯстиву бародарӣ, кушода шудани марзҳои ду кишвари ҳамсояву ҳамҷавору бародар — Ӯзбекистону  Тоҷикистон аст. Ончуноне, ки наметавон обҳои ба ҳам омехтаро ҷудо кард, ҳамон гуна наметавон халқҳои тоҷику ӯзбекро аз ҳам ҷудо намуд. Кушода шудани марзҳо, ба ҳам омадани халқҳои ду кишвари бародар хеле ба зудӣ ҳосили файзбору фараҳбахш дод. Хусуматҳо дур шуданд, шубҳаҳо бар бод рафтанд, дилҳо гарм гардиданд, нури бовару умед дар дилҳо ва чеҳраҳо дурахшон шуд. Имрӯз ҳарду кишвар дар симои якдигар шарики боэътимоди стратегии худро мебинанд ва нерубахши ҳамдигаранд.

Бунёди агрегати аввали Неругоҳи  “Роғун”, ки аз ҷиҳати фарогирӣ ва шаҳомат воқеан иншооти аср аст,  он қадар рамзҳои зиёди миллиро дар худ таҷассум намуд, ки на фақат бунёди як неругоҳи барқӣ, балки бунёди маънавии худи мо ва миллати мо ба се ваҷҳ гардид. Аввалан, ин иншоот исботи неру, қувват ва қудрати миллии халқи тамаддунофари мо баъд аз асрҳо шуд. Яъне мо — тоҷикон ҳанӯз пойдорем ва на танҳо пойдорем, балки тавонистаем худро аз нав эҳёи тоза, эҳёи дубора бахшем. Дуюм, миллати некманиши мо, ки ҳанӯз аз замонҳои мозӣ милати ҷӯяндаи нуру равшанист ва ин рӯшноиро дар фарҳангу илму маърифату адабиёташ тӯли ҳазорсолаҳо ҳамеша дурахшон маҳфуз доштааст, имрӯз ҳам бунёдгузори нури воқеист, яъне ба асолати рӯшноигароии худ содиқ мондааст.

Сеюм, бунёди “Роғун” собит сохт, ки миллати тоҷик метавонад дар иҷрои ҳадафҳои баланди миллӣ ба ҳам ояд, аз як гиребон сар барорад ва ҳамчунин нишон дод, ки як армони бузургу баланди миллӣ  метавонад моро ба ваҳдати миллӣ бирасонад. Ин далел моро дилпур мекунад, зеро  миллате, ки ба ягонагӣ расидааст, метавонад алайҳи ҳама буҳронҳо ва мушкилоти зиндагӣ истодагарӣ кунад ва асолаташро нигаҳ дорад. Яъне “Роғун” рамзи пойдории асолат ва муҷассамаи ягонагии миллии мо гардид.

Як ҷиҳати хеле ҷолибу нишотбахш ва фарқкунандаи Паёми Президенти Тоҷикистон он аст, ки дар саросари он як ҳадафи асосӣ ҳамеша дурахшону муҷаллост, як мақсади наҷибе, ки ҳама кӯшишҳо, ҳама созандагиҳо, ҳама заҳматҳо ба хотири он аст ва ин ҳадафи асосӣ инсон аст, яъне некӯаҳволии халқи кишвар, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, саломатӣ, фарҳангу маърифат, бехатарӣ, ободиву озодии ӯст.  Ҳам сиёсати дохилӣ, ҳам сиёсати берунии Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, тамоми иқдомҳо, ҳаракатҳо, ташаббусҳо ҳамин як ҳадафи олиро пайгирӣ мекунанд. Дар давлатдории Тоҷикистони навин ин иқдом бе замина нест, зеро тамоми таълимоти гузаштагони мо, ғояҳои асоси бузургони илму адабамон, хиради зотии халқамон ҳамеша инсонгароӣ ва башардӯстӣ, сулҳу осоиш ва хайру некӣ будааст. Ва дар ҳавои андешарониҳои чандинсолаи Пешвои миллатамон мо ҳамеша нуру рӯшноии азалии миллатамонро эҳсос мекунем ва дар сақфи дурахшони фаъолияти чандинсолаашон  нонавишта мехонем: гуфтори нек, кирдори нек ва пиндори нек.

Ба кор андохта шудани агрегати аввали НБО-и “Роғун” муждаи нахустини расидан ба ҳадафи аввали стратегии кишвар истиқлолияти энергетикӣ буд.  Нуктаи дигари фараҳбахши Паёми нави Президентамон эълони расидан ба ҳадафи дигари стратегии мамлакат, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ буд. Ин хушхабар бо кафкӯбиҳои самимона истиқбол гардид, зеро  он пайки фараҳбахши боз як  пирӯзии Истиқлолияти давлатии мо гардид. Яъне кишвари сулҳпарвару башардӯсти мо пайваста ба сӯи пирӯзиҳо равон аст ва ин далели он аст, ки мо насиб бошад, ба мақсадҳои дигари наҷиби миллиамон низ пайваста хоҳем расид. Ва зиндагии осоиштаву бобаракати имрӯзи халқамон гувоҳи он аст, ки мо дар пайи ҳифзи ҳадафи дигари стратегии кишвар- амнияти озуқаворӣ низ устувор қадам мегузорем.

Падидаи дурахшони дигар дар Паёми навини Президент бидуни баҳс эълони ҳадафи нав, ҳадафи чаҳоруми миллии кишвар — саноатикунонии босуръати мамлакат мебошад, ки низ гарму ҷӯшон истиқбол ёфт ва ин беҳуда нест. Барои Тоҷикистони саросар кӯҳсори мо, ки махзани беҳтарину қиматтарин ганҷҳои табиист, саноатикунонии кишвар, бунёди корхонаҳои мухталифи коркарду истеҳсоли маъданҳои қиматбаҳо паём аз ободиҳову пешрафти дурахшони иқтисодиёти кишвар дорад. Мо аминем, ки бо роҳбарии дурбинонаи Сарвари давлат ин ҳадафи бисёр ҷиддӣ ва муҳими стратегии кишвар низ пайваста амалӣ мегардад. Хусусан, ки бунёди неругоҳи “Роғун” чунин имкониятро муҳайё месозад.”

Воқеан ҳам ба шарофати фазои сулҳу оромӣ дар кишвар мо ба мақсадҳои худ ноил шуда метавонем. Муҳим ба мисли гавҳараки чашм нигаҳ доштани сулҳу ваҳдат ва якдилии ҷомеа мебошад.

А. Олимов, номзади илмҳои биологӣ, дотсенти кафедраи геология ва корҳои нафту газ