Имрўз Тоҷикистон Истиқлолияти худро бо комёбиҳои ба даст овардаи худ дар сиёсат, иқтисодиёт , иҷтимоиёт ва фарҳанг қайд намуда, ҳаёти хушбахтонаи сокинон ва давлати худ Тоҷикистонро баланд бардошта ба сӯи комёбиҳои нав дар бунёдкорӣ, созандагӣ ва рушди Тоҷикистони соҳибистилол бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ба суи пешравиҳои нав ба нав меҳнат намуда ба ҳифзи хар як порчаи ватани маҳбубамон Тоҷикистон ҳар як фарди кишварамон ҳушёрӣ ва зиракии худро ба хифзи ватан бо номи Тоҷикистони соҳибистиқлол равона намуда истодааст.
Имрӯз ташкилотҳои террористию экстремистӣ махсусан бо истифодаи боварӣ ва эътиқоди мардум дар шакли динӣ зуҳур ёфтаанд, ки аз роҳ гурӯҳҳои осебпазирро ба доми худ мекашанд.
Чунин амал дар кишвари мо аз ҷониби ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИ ба роҳ монда шуда буд. Аз ҷониби аъзои ин ташкилоти террористи-экстремистӣ ҷиноят аз қабили куштор, роҳзанӣ, зархаридӣ, таҷовуз ба номус, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, гаравгонгирӣ, одамрабоӣ, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани аслиҳа ва ғайра мебошад.
Воқеан терроризм ва экстримизм яке аз падидаҳои номатлуб ва зиёновару нангинест, ки ба проблемаи глобалӣ табдил ёфтааст ва ҳеҷ касро бетараф гузошта наметавонад.
Мо ҲНИ – ро ҳамчун ташкилоти экстримистию террористӣ маҳкум менамоем. Зеро як гурӯҳ хоинони миллат яъне аъзоёни ТЭТ ҲНИ бо дастгирии хориҷиёни беруна мехоҳанд боз анҷумане созмон диҳанд ва ваҳдате, ки на ба осонӣ ба даст омада аст аз байн баранд.
Онҳо хеҷ вақт ба мақсади нопоки худ нахоҳанд расид, агар халқи тоҷик аз як гиребон сар бароварда бар зидди ин хоинони миллат истодагарӣ намоянд.
Бояд тазаккур намуд, ки Сарвари давлат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, ки аз устодону омӯзгорон ва падару модарон талаб карда шавад, ки диққати наврасон ва донишҷӯёнро барои аз бар намудани донишҳои муосир ҷалб намоянд, онҳоро дар рӯҳияи донишомӯзиву хештаншиносӣ, меҳнатпарастиву ватандӯстӣ ва ҳуввияти миллӣ тарбия кунанд, чунки солҳои охир терроризм ва экстиремизим ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст ва қувваи асосии он аз ҳисоби ҷавонон ва наврасони дур аз таълим ташкил шудааст.
Бинобар ин бояд мо устодон машғулиятҳои тарбиявиро ҷиддӣ ба роҳ монда донишҷӯёнро аз вазъияти сиёсии сулҳу ваҳдат ва истиқлолияти неъмати бебаҳо бирасонем. Бояд ба қадри сулҳу оромӣ ва соҳибистиқлолии кишвар бирасем ва баҳри ободу зебо гардонидани ватани азизамон талош бикунем ва ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.
Валиева М.Н.
мудири шуъбаи аспирантура ва магистратура