ЗЕРИ СОЯИ МИЖГОНИ СУЛҲ

Дар маркази шаҳри Бӯстон бинои хуштарҳи донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи маро ҷалб намуд. Ба хотири ҷамъу табъи болида донишҷӯёну омӯзгорон ба остонаи ин даргоҳи маърифат гом мебардоранд. Ба нияти мутахассиси риштаи нафту газ ва истихроҷи канданиҳои фоиданоки кӯҳӣ шудан, ҷавонон дар арсаи  илму ҳунар талош мекунанд.

 

Қаноат кун,к-аз ин гулшан ба бӯе ҳар кӣ қонеъ шуд,

Чу занбӯри асал кошонааш пурнӯш мегардад.

Хатар бисёр дорад дар камин ҳамвории душман,

Зи саг ғофил машав зинҳор чун хомӯш мегардад .

 

Оре, танҳо қонеъ шудан ба машоми бӯстон, тадриҷан манзили касро мунаввар месозад. Баробари ин, аз найранги душман набояд ғофил шуд.

 

Метавон кард ба таслим  шакар ҳанзалро,

Натвон талх нишстан, ки шакар нест маро

Манам он нахли хазондида, к-аз асбоби ҷаҳон

Ҳеҷ дар бор ба ҷуз барги сафар нест маро.

 

Пайваста меҳрубонӣ ва дари лутфро во намудан, нишонаи талхии рӯзгорро ба гӯшаи фаромӯшӣ супоридан аст.

 

Мӯрам,аммо хӯшачини хирмани дунон наям,

Мекунам шаккар ба иксири қаноат хокро.

 

Ҳиммати волои инсон низ дар ҳамин аст, ки бо нафарони сифлатабъ сару кор надошта бошад.

 

Мизбоне ки зи чон сер кунад мехмонро,

Чи зарур аст, ки ороста созад хонро,

Пирро ҳирс ду боло шавад аз рафтани умр,

Бештар гарм кунад ҷастани гӯ чавгонро

 

Ба чунин ҳол гирифтор шудани мизбон гоҳе аз лутфу марҳамати зиёди худи ӯ нисбати меҳмон ҳам гувоҳӣ медиҳад. Яъне, оростани дастурхони пурдабдаба ва меҳмондориро ба дараҷаи ифрот расонидан. Гаштаю баргашта ҷастани тир аз камон, воқеан ҳам боиси тафси камон мешавад.

Имрӯз фурсати он расидааст, ки дар меҳмондорӣ, таъқиби ҳирс, тарбияи нафс ҳадди эътидолро нигоҳ дорем. Ба қадри беҳтарин неъмати дунё саломатӣ ва тинҷию амонии кишвар расида, ба гули бӯстон гуле зам намоем. Шукргузорӣ аз ҳаёти осудаи зери мижгони сулҳ кунем ва ин Ваҳдати миллиро чун гаҳвараки чашм эҳтиёт кунем.

 

Нуруллохи Олим, донишчуи сеюми факултаи корхои кухи

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

панҷ × чор =