Ба андешаи ман чунин воцкащаи сиёсӣ аз бемаърифатӣ спр мезанад. Манзур мърифати дунявӣ. Вагарна олам гулистон мешуд. Полези назди ҳавлиро аз алафҳои бегона тоза намуда, ба нуктаҳои асосии суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар эътибор додам, ки аз радио такроран садо медод.
“Барои мусулмонони Ватани мо, ки пайравони мазҳаби муътадилу таҳаммулгарои ҳанафӣ мебошанд, ислом нишонаи имондорӣ, таҳким бахшидани ҷаҳони маънавӣ ва такмили одобу ахлоқ ба ҳисоб меравад.
Мардуми мо дар доираи аҳкоми шариат фаризаву воҷиботи диниро озодона адо мекунанд ва арзишҳои инсондӯстонаву хайрхоҳонаи онро гиромӣ медоранд.”
Оре, ҳақ ба ҷониби Президент аст: фаризаву воҷиботи диниро озодона адо мекунем. Дари масҷидҳо дар ҳар деҳаи гӯшаю канори мамлакат шабу рӯз боз аст. Тоату ибодати худро ба ҷо оварда аз насиҳати имом-хатиб ғизои маънавӣ гирифта ба назди аҳли хонаводаи худ бармегардем.
Аммо, аз ҳадди эътидол гузашта сӯиистеъмоли ин озодӣ мекунанду ба ҷои насиҳат аз сиёсати бегона ҳарф мезананд, бешубҳа исломро доғдор мекунанд. Дар фаъолияти пайравони ҳизби наҳзати ислом маҳз чунин амалро мебинам: таблиғи сиёсати кишварҳои исломӣ.
Бубинед, ҳангоми суханронии худ Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо овардани далелу рақамҳо оқибати муноқишаҳои мусаллаҳонаро ба риштаи таҳлил мекашад.
“Танҳо дар давраи ҷанги Сурия 12 ҳазор нафар кӯдак ба ҳалокат расида, шумораи муҳоҷирони дохилӣ ба 7 миллиону 600 ҳазор нафар расидааст. Дар маҷмӯъ, дар ҷанги Сурия то имрӯз 460 ҳазор нафар кушта шудааст.
Имрӯзҳо дар 40 нуқтаи олам муноқишаҳои мусаллаҳона идома доранд, ки дар онҳо тақрибан 30 давлати дунё бевосита ё бавосита ширкат мекунанд.
Ғайр аз ин, дар беш аз сад давлати дунё тақрибан 70 миллион нафар одамон бинобар нооромии вазъият ва амалҳои террористӣ манзили зист ва Ватани худро тарк кардаанд.”
Дар ҷое ки нооромӣ асту оташи ҷанг боло мегирад, талафоти ҷонию молӣ ба маротиб меафзояд. Далели ин гуфтаҳои Сарвари давлат аст:
“Агар дар асри 17 дар Аврупо дар ҷангу низоъҳои гуногун тақрибан се миллион нафар кушта шуда бошад, дар асри 18 панҷ миллион, садсолаи 19 тақрибан 10 миллион ва дар асри ХХ беш аз 100 миллион нафар одамон ба ҳалокат расидаанд. Ин рақамҳо ба қитъае дахл доранд, ки дар се садсолаи охир намунаи пешрафт маҳсуб меёфт. Дар 13 соли асри 21 шумораи онҳое, ки дар ҷангу низоъҳо қурбон шудаанд, миллионҳо нафарро ташкил додааст.
Ибтидои ҳазораи сеюм ба сари инсоният моҷароҳои вазнини сиёсӣ, ҷангу хунрезиҳои зиёди мазҳабӣ, инқилобу муноқишаҳои бешумори сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангиро овард, ки харобиҳои онҳо аз зарари ду ҷанги ҷаҳонии қаблӣ камтар нестанд.
Имрӯзҳо кишварҳои бузурги олам дар ҳолати вазнинтарини ҷанги сард қарор гирифта, илм, иттилоот, иқтисодиёт, техникаву технология ва ҳатто динро ба василаи тарғибу ташвиқу манфиатҳои сиёсӣ ва гурӯҳиву минтақавӣ табдил додаанд”.
Алафҳои бегонаро аз полез тоза мекунаму ба саманди андеша савор мешавам, ки роҳ додан ба ғоя ва андешаҳои бегона ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат, ҳосили мурод- сулҳу ваҳдатро хушк менамояд.
“Пас, ин ҳама амалҳо натиҷаи кирдори одамон мебошанд, яъне дар саргаҳи ин ҳама беназмиҳо бесаводӣ, сатҳи пасти маърифат ва ҳатто ҷаҳолати худи инсон қарор дорад. Тавре мегӯянд: – “Ислом ба зоти худ надорад айбе, ҳар айб, ки ҳаст, дар мусулмонии мост”.
Бинобар ин, инсоният бояд дар сари ин масъалаҳо бисёр амиқ андеша намояд, ҷиҳати пешгирӣ кардани ин ҳама харобкориҳо дастҷамъона чораҷӯӣ кунад ва талоши қувваҳои солимро ба паст намудани шиддати низоъҳои сиёсиву иқтисодӣ равона созад.
Ин ҳақиқатро барои он бояд гуфт, ки мо набояд ба ин равандҳо бетарафона ва хунсардона назар кунем. Чунки агар қурбониёни ҷангҳо ва фирориёни нооромиҳои чанд даҳсолаи охирро аз мизони қиёси таърихӣ гузаронем, ҳеҷ вабо ва муноқишаи хунини таърихиеро тайи мавҷудияти тамаддуни инсонӣ пайдо намекунем, ки чунин шумораи бузурги насли башарро туъмаи худ карда бошад.”
Оре, имрӯз фурсати он расидааст, ки аз банди ҷаҳолат озод шуда, сатҳи маърифати сиёсӣ ва техникии худро баланд бардорем. Ба мисле ки имрӯз полези худро аз алафҳои бегона тоза менамоям, ғаразу кинаро аз қалб дур кунем. Ба нияти нек, қалби пок ва мақсади ободкорӣ дар таҳкими пояҳои истиқлолияти Тоҷикистони азиз саҳмгузорӣ намоем.
Соиби Табрезӣ ба қаноатпешагӣ даъват намуда, эмин шудан аз хатарро дар як ғазали худ таъкид намудааст, ки ба парвози андешаҳои худ бо овардани чанд байти ин ғазал нуқта мегузорам:
Қаноат кун,к-аз ин гулшан ба бӯе ҳар кӣ қонеъ шуд,
Чу занбӯри асал кошонааш пурнӯш мегардад.
Хатар бисёр дорад дар камин ҳамвории душман,
Зи саг ғофил машав зинҳор чун хомӯш мегардад .
Қурбони Азиз
Мудири шӯъбаи тарбияи Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон