Дар саҳифаҳои расонаҳои иттилоотӣ аз санаи ҳафтуми январи соли 2019 ба маводи зерин нигоҳам уфтод:” “Вақтҳои охир наҳзатиҳо роҳҳои дигари амалҳои душманонаи худро пеша кардаанд. Бо баҳонаҳои гуногун мехоҳанд аз хоҷагони хориҷаашон маблағ ситонанд. Барномае, ки ба ном “Бетараф набош” аз ҷониби наҳзат омода карда шудааст, ҳамагӣ аз 200 нафар иборат мебошад. Яъне ин 200 нафар аз номи 9 миллион нафар мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфтан мехоҳанд. Аммо наҳзатиҳои дайду бехабар аз онанд, ки миллати тоҷик ба иғвоҳои онҳо дигар гӯш намедиҳад”, — чунин навиштаанд дар номае аъзоёни Анҷумани тоҷикон дар Туркия дар муроҷиат ба ТТЭ ҲНИ. Дар давоми ин нома чунин навишта шудааст (айнан меорем):
«Мо, шаҳрвандони тоҷики муқими Туркия ба наҳзатиҳо муроҷиат карда, таъкид менамоем, ки занҳоро раҳгум насозед. Ҳуқуқи занҳо фақат дар риояи сатр нест. Баръакс, маҳз амалкардҳои шумо занонро аз ҳама ҳуқуқҳо маҳрум мекунанд. Маҳдудкунандаи ҳуқуқи занҳо маҳз шумоед.
Шумо ҳуқуқи занҳоро барои парастории падару модар бо баҳонаи афзалияти сухани шавҳар гирифтаед. Шумоед, ки занҳоро бидуни маҳрам аз хона берун рафтан намемонед. Ҳатто рафтани ҳаҷ барои онҳо бидуни маҳрам мамнуъ аст. Дар ин сурат табиист, ки барои зан бидуни маҳрам ба кор рафтан ҳам имконнопазир мегардад.
Дар сурате, ки ҳар кадоми шумо барои гирифтани чор зан даъво менамоед, дар бораи кадом ҳуқуқи зан суҳбат мекунед? Ҳуқуқи зани бечораро шумо худ муайян мекунед. Ӯ ғуломи ҳалқабаргӯши шумост ва аз хати кашидаи шумо бояд берун наравад. Ва боз даҳҳо ва садҳо маҳдудиятҳои дигар.
Ҳама ҳуқуқҳое, ки шумо барои занон пешниҳод мекунед, маҳдудкунандаи фаъолияти озоди онҳо мебошанд».
Акнун дарк намудам, ки дар паси даъватҳои наҳзатиён Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон меистодаанд, ки ТТЭ ҲНИ шердил шуда маъракаи таблиғотиро густурда менамудааст. Сияҳпуш кардани зан дар Эрон бас набуд, ки боз ба занони Тоҷикистон чашм ало кардаанд.
Аз таърих огаҳӣ дорем, ки фаранҷиро ба оташ партофта модаркалонҳои мо парчами озодии ҳуқуқи занро парафшон кардаанд, аммо имруз наҳзатиён бо оташи дӯзах занонро дар сояи тарс қарор доданиянд.
Тиратон хок хӯрд. Ниқоби зишти Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эронро аз руяш машъали озодии демократияи Амрико кашид. Занҳоро дигар раҳгум назанед!
Шамсияи Муҳаммадюсуф,
муовини декани факултети металлургияи ДКМТ