Дар толори шӯрои олимони донишкада даври донишкадавии озмуни “Илм- фурӯғи маърифат” бо ширкати ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ баргузор гардид. Чорабиниро нахуст муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо ифтитоҳ намуда, шарту шароит ва имконияти озмуни мазкурро ба ҳозирин фаҳмонид.
Сипас, аъзои ҳакамон иборат аз омӯзгорону профессорон ҷараёни озмунро мушоҳида намуда, ба баҳогузории мунсифона гузаштанд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур дар донишкада бо ширкати донишҷӯён ва омӯзгорону олимон баргузор гардид.