Имрӯзҳо бараъло маълум аст, ки муноқишаҳоро дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон кӣ ташкил мекунад ва чӣ тавр дар расонаҳо бозтоб медиҳад. Барои мисол дилхоҳ расонаи қирғизиро кушоед, ҳатман он ҷо гузоришҳо ва матлабҳои бардурӯғ ва иғвобарангезро мушоҳида мекунед, ки махсус қирғизҳо таҳия кардаанд, то гуноҳи худро зери парда нигоҳ доранд. Қирғизҳо ҷиноят мекунанд, дар марз муноқиша барпо мекунанд, сокинонро маҷрӯҳ месозанд ва боз дар расонаҳо гуноҳро ба дигарон бор карданӣ мешаванд ва вонамуд мекунанд, ки онҳо бегуноҳ ҳастанд.
Ҳарчанд маълум аст, ки муноқишаро қирғизҳо ташкил мекунанд ва сокинони минтақаҳои назди марзиро озор медиҳанд, намегузоранд, ки дар замини худашон озодона кору фаъолият баранд ба кори деҳқонии худ машғул шаванд. Ба наздикӣ як зани 25 соларо бо номи Шукрона, ки сокини Чоркӯҳ аст, ҳини кор дар заминаш бо тир зада захмӣ намуданд. Ин ҳам дигарон карданд?
Ба ин масъала расонаҳои иғвоангези қирғиз чӣ мегӯянд?
Ин масъаларо чаро қирғизҳо дар расонаҳояшон намегӯяняд?
Чунки ҷиноят аст ва аз ин дида ҷимнояти вазнин намешавад. Зеро сокинони бегуноҳи давлати дигарро ҳадафи тир қарор додан, ҷавобгарии байналмилалӣ дорад ва боварӣ дорам, ки қирғизҳо ба ин ҷавоб дода ҳам наметавонанд. Зеро ин амали онҳо ҷиноят аст ва ҳақ ҳам мегӯянд, ки ин терроризми қирғизӣ аст. Танҳо бешараф ва номарду беномус қодир аст, бар сари бегуноҳ тир кушояд ва онро захмӣ гардонад.
Мусаллам аст, ки қирғизҳо ҳоло мехоҳанд бо фитнаандозӣ, иғвобарангезӣ гуноҳи худро пушти парда намоянду талаби замин кунанд. Аммо кадом замин?
Ҳамон замине, ки қирғиз нишастааст, моли тоҷик аст, ҳамон замине, ки имрӯз қирғизи носипос аз як қабилаи хаймавӣ ба як қабилаи шаҳрнишину давлатнишин табдил ёфтааст, моли тоҷик аст, пас қирғиз чӣ ҳуқуқи даъво дорад?
Дасисабозии қирғиз чаро?
Замини тоҷикон дигар бегонапарвар нест ва қирғиз бояд ба хубӣ қадами номуборакашро аз он дур созад. Ҳеҷ кас ҳуқуқи гирифтани молу мулки моро надорад ва ҳеҷ кас ҳуқуқи талаби замини моро надорад, зеро ин аблаҳист! Қирғизҳои ваъдахилоф ва носипос бояд ба ин кирдори ношоиставу ғайриинсонии худ хотима диҳанд, то дер нашвад…
Меҳвар Абдусаломов
омӯзгори ДКМТ