ЗАВҚИ ЛИБОС ДИГАР АСТ

Дар Тоҷикистон муди сару либос мисли боду ҳавои баҳорӣ иваз мешавад. Ба хусус муди сару либоси занон. Ин зуд — зуд иваз шудани муд дар ҷомеа сару садоҳо ва бархурдҳоро дар пайи худ меорад. Вақтҳои охир як қисми бонувони тоҷик якранг либосҳои ҳарири чок – чок, гурўҳи дигар бо либосҳои тангу пушиши сатр, худро оро медиҳанд.
Албатта дар Тоҷикистон ҳеҷ гуна қонуне пушидани либосро барои омма ба танзим намедарорад. Вале наметавон бетараф буд. Дар ҳоле, ки ҳар як тарзи пушидани либос дар Тоҷикистон ҷонибдорони худро дорад. 
Танҳо метавон низомномаи Вазорати маорифро дар бораи сару либоси мактабӣ  барои пушиши либоси миллӣ ном бурд, ки дар ин самт равона шудааст.

Воқеан ин масъала, ки вақтҳои охир мубрам шудааст, чӣ паёмадҳоеро ба бор хоҳад овард? Чаро тоҷиконро бо сару либоси миллӣ дар хориҷа мепурсанд, ки шумоҷаз куљоед? Чаро либоси миллии моро дар хориҷа намешиносанд?
Мо бошем ба ҳқр миллату халкияти бегона, ки ба дину фарҳанги мо бегонаанд кӯр кӯрона тақлид мекунем. Чаро вобаста ба дину фарҳанги ҳазорсолаи худ либоси махсуси миллии худро надошта бошем?

Шамсияи Содиқ, донишҷуи ДКМТ