ЗАБОНДОНРО ДАСТ ГӮЁ БУВАД…

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста аз бузургони илму адаби миллат ёдовар шуда, нисбати фарҳангу адабиёт ва забони тоҷикӣ ба таври доимӣ ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Ва ҳамин хизмати бузурги Пешвои муаззами миллат буд, ки забони тоҷикӣ то ба имрӯз мавқеи хоси худро аз даст надодааст.  

          “Забони модарӣ – забони назми оламгири Рӯдакӣ” таҳти чунин унвон имрӯз дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон конфронси илмӣ-оммавӣ бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада, гузаронида шуд. Ёдовар шудан ба марид аст, ки устод Рӯдакӣ яке аз шоирони сермаҳсул ва ҷасури давронаш буда бо сабку эҷодиёти хеш дар шеъри форсӣ забони тоҷикиро аз махлутшавӣ ва вартаи нобудӣ дар даврони вазнин наҷот додааст. Эҷодиёти Рӯдакӣ ҳарчанд то ба имрӯз ба шакли комил  ба дасти мо нарасидааст, аммо он  ганҷуре, ки дастрасӣ омма гардидаасту то ба мо расидааст, хизмати бузурги устодро ёдрас мекунад.

 Дар нишасти илмии имрӯза омӯзгорони кафедраи забонҳои донишкада бо маърӯзаҳои илмии худ баромад намуда, сипас донишҷӯёни донишкада аз ашъори қофиласолори назми дарӣ, падари шеъри оламгир устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ қасидаву пандҳо қироат намуданд.