Дирӯз, бахшида ба рӯзи забони давлатӣ бо ширкати ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ чорабинӣ баргузор гардид, ки дар он нахуст муҳтарам ректор ҳозиринро ба рӯзи забони давлатӣ табрику таҳният гуфта, таъкид намуданд, ки дар мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ нақши фарзонафарзандони миллат басо бузург аст. Бо ташаббус ва ғамҳориву дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони давлатӣ рушду такомул ёфта, дар минбарҳои баланд садо медиҳад, ки ин ифтихори мо мебошад.
Маҳз бо дастгирии Сарвари хирадмандон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таъмини амнияти забониву фарҳангӣ Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ин ниҳод барои рушди забони давлатӣ ва ҳифзи он аз махлутшавӣ фаъолияти худро идома дода истодааст.
Ҳамзамон, дар ин мавзӯъ профессор Насриддинов Замониддин, профессор Қозиев Камолудин ва дигар кормандон суханронӣ намуданд.
Дар интиҳо ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳозиринро бори дигар ба Рӯзи забони давлатӣ табрику таҳният гуфта, барояшон муваффақияту комёбӣ таманно намуда, пос доштани эҳтироми забони давлатиро муҳим ҳисобиданд.
Шуъбаи иттилоот