ЖУРНАЛИСТОНИ МО РИСОЛАТИ КАСБИРО ФАРОМӮШ КАРДААНД?

Тавре, ки имрӯз аз расонаҳо мушоҳида менамоем, чандест сарҳадбонони қирғиз даст ба ҷиноят зада, кӯшиш мекунанд, то сокинони маҳаллаҳои наздимарзиро нороҳат намоянд.  Қирғизон рӯирост ва ошкоро ба сари сокинони маҳаллаҳои марзӣ тир кушода, онҳоро захмӣ менамоянд, ки ин ҷинояти маҳз мебошад. Зеро ба сари аҳолии бесилоҳ яроқ бардоштан ин худаш аллакай ҷиноят аст. Он ки имрӯз қирғизҳо боз ҳамин гуноҳи худро ба гардан намегиранд ва ҳамин ҳолатро ҳам дар расонаҳояшон диграгуна бозтоб медиҳанд, то айбу гуноҳ ва ҷинояти худро пинҳон намоянд.

Бештар расонаҳои қирғизӣ ҳам масъаларо ба диққат таҳлил накарда, нодуруст ва ғайрикасбӣ инъикос менамоянд.  Ҳар як ҳодисаву муноқишае, ки дар марз баамал меояд аз ҷониби қирғизҳо роҳандозӣ шудааст ва бар ҳама ҷинояту поймолкунии ҳуқуқи инсон қирғизҳо ҷавобгар ҳастанд. Зеро қирғизҳо бераҳмона бар сари аҳолии осоишта ҳуҷум намуда, тир мекушоянд, намегузоранд, ки  сокинон оромона зисту зиндагӣ намоянд. Ба ҳаёти осоиштаи мардум халал мерасонанд, ки ин ҳам ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад. 

Аммо аз чӣ бошад, ки ба ҳамаи ин ноадолативу бераҳмии қирғиз расонаҳо хомӯшанд ва таҳқиқоти журналистӣ ҳам намегузаронанд ва ҳақиқатро ба мардум ошкор намесозанд, ки ин масъала нигаронкунанда мебошад. Маълумоте ҳам вуҷуд дорад, ки гӯё сафорати Қирғизистон дар Душанбе чандин ҳазор долларро ғайриқонунӣ ба кишвар овардааст ва шояд нияташ ҳам тақдими ин долларҳо бар журналистон бошад? Зеро қирғизҳо бештар мехоҳанд, ки бо истифода аз расонаҳо ва журналистон гуноҳҳои худро паси парда нигоҳ доранд.

Ҳарчанд дар ин масъала ва барангехтани низоъ ва дасисабозиву тавтиандозӣ расонаҳои қирғизҳо хеле зуд кор мебаранд ва маълумоти бардурӯғро пешкаши омма мегардонанд, аммо кани рӯзноманигорони мо?

Оё журналистони тоҷик ба тақдири мардуми Чоркӯҳ ва умуман Исфара бетарафанд?

Оё ин вазифаи журналист нест, ки ҳақиқатро бинависаду бигӯяд ва масъаларо беғаразона шарҳ диҳад?

Он журналистоне, ки ҳай даъвои журналистӣ мекарданд, оё онҳо аз ҳамтоёни қирғизи худ метарсанд?

Пас чаро имрӯз масъаларо пайгирӣ намекунанд?

Журналистони қирғиз ба хотири гумроҳ кардани мардум ва фиреб додани ҷомеа бештар талош меварзанд, то ахбори бардурӯғ ва носаҳеҳро пешкаш созанд. Ҳар як хабару гузорише, ки аз марз нашр менамоянд, туҳмату бӯҳтон ва афсонаҳои бофтаи қирғизҳост. Онҳо дурӯғ мегуянд ва бегуноҳии худро исбот карданӣ мешаванд, аммо чаро журналистони тоҷик ҳақиқатро намегӯянд?

Чаро вазъро дар ҳадди касбӣ баррасӣ намекунанд?

Магар журналистони тоҷик аз қирғизҳо қарздоранд, ки имрӯз манфиатҳои миллиро ҳимоя наменамоянд?

Ҷиноят ва рафтори ношоиставу ғайриинсонии қирғизҳо имрӯз ба тамоми дунё маълум аст, аммо журналистони мо ҳанӯз ҳам дар инъикоси ин масъала бепарво мебошанд. Ҳодисае, ки дирӯз сурат гирифт, як духтари 25 солаи сокини Чоркӯҳро қирғизон дар заминаш бо тир зада захмӣ намуданд, ки ин барои ҳар як мард бузургтарин ҷиноят ҳисоб меёбад ва набояд, ки нисбати ин ҳодиса бетараф бошем. Аммо аз журналистони мо то кунун ҳеҷ аксия роҳандозӣ нашудааст ва ин  амал маълум менамояд, ки дар ҳақиқат ҳам журналистони мо дар худ чӣ муаммоеро пинҳон медоранд, ки нисбати як ҳамватани худ ва боз он ҳам зан ин қадар бетараф ҳастанд.

Дилмуроди Вафо

таҳлилгар