Рӯзи шанбе дар синфхонаи зеҳни сунъӣ (М8) семинари илмӣ-назариявии маҷозии кафедраҳои тахассусии факултети металлургия баргузор гардид. Дар кори семинар ректори донишкада н.и.и., профессор Маҳмадалӣ Бахтиёр, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ н.и.т. профессор Умарҷонов А., декании факултети металлургия н.и.п. Шамсидинов Ш.М. ва зиёда аз 20 нафар сардорони шӯъбаҳо, омӯзгорону кормандони донишкада иштирок намуданд. Пеш аз оғози кори семинар бо иштироки раиси Ассотсиатсияи дастгирии тадқиқотҳои илмии “Илми Евроазия” (Дубай) Протасов А.В. семинари онлайн баргузор гардид. Протасов А.В. оид ба сохтор ва фаъолияти бисёрҷабҳаи Ассотсиатсияи мазкур дар самти беҳтар намудани алоқаҳои ҳамкорӣ дар бурдани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва дигар 10-давлатҳои бонуфузи ҷаҳон, ташкили чорабиниҳои илмии муштарак, таъбу нашри маводҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва дигарҳо сухан ронд. Профессор Умарҷонов А. оид ба рафти корҳои илмӣ-татқиқотӣ дар факултет ва умуман донишкада сухан ронда, қайд намуд, ки солҳои охир омӯзгорону муҳаққиқон ва донишҷӯёни факултет дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ дар самти илм фаъолона иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд. Аз рӯи масъалаи якуми семинар мудири кафедраи металлургия н.и.т., Қодиров А.А. дар мавзӯи “Истеҳсоли металлҳои вазнин дар шароити Тоҷикистон” бо маърӯзаи илмӣ баромад намуда, ҳозиринро бо натиҷаҳои корҳои илмӣ-татқиқотии кафедраи металургия дар ин самт шинос намуданд.
Аз рӯи масъалаи навбатии барномаи семинар муаллими калони кафедраи Т.Ҳ.Н. Дадохонов М.М. дар мавзӯи “Этикаи рафтор дар нақлиёти автомобилии ҷамъиятӣ” баромад намуда, ҳозиринро бо этикаи рафтори ронанда ва мусофирон дар нақлиёти автомобилии ҷамъиятӣ, ки дар аксарияти кишварҳои пешрафта қабул шудаанд, шинос намуданд. Сипас муаллимаи калони кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ Светличная Л.Ф. оид ба мавзъи “Экологические проблемы окружающей среды” бо забони англисӣ маърӯза намуданд.
Дар сухани ҷамъбастии кори семинар профессори кафедраи экология Юнусов М.М. мавзӯъҳои баррасишударо дар шароити имрӯза муҳим арзёбӣ намуда, қайд кард, ки гузаронидани чунин чорабиниҳои илмӣ бисёр муфид мебошад ва дар соли хониши нав низ чунин семинарҳо ва маҳфилҳои илмии донишҷӯён гузаронида шавад.