
Дӯстии халқҳо категорияи таърихӣ буда, муносибатҳои ҳамфикриву ҳамкорӣ, мубодилаи маданиро таҷассумгар аст. Ғояҳои дӯстии халқҳоро мутафаккирон ва шоирони бузурги давру замони гуногун аз ҷумла Низомӣ, Умари Хайём, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мирзо Турсунзода, Чингиз Айтматов, Конфутсий, Пушкин, Гёте, Руставели ва дигарон васф ва тарғиб намудаанд.
Агар ба риштаи таърихӣ ва фарҳангии ду миллат назар афканем, маълум аст, ки тоҷикон ва қирғизҳо асрҳои зиёд дар паҳлӯи ҳам зиндагӣ карда, робитаҳои хешутаборӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ барқарор намудаанд. Фарҳанг, анъана ва урфу одатҳои ду миллат ба ҳам наздиканд.
Чи хеле, ки ба мо маълум аст, бахшҳои асосии сиёсати имрӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавзуҳои эҷодиёти шоирони тоҷик, мавзуи сулҳу амонӣ ва ҳамраъйии халқҳои тамоми дунёро ташкил медиҳад. Пешвои муаззами миллат сулҳу амониро ҳамчун сарчашмаи асосии ободии ҳар як сарзамин, ободии кишвару диёр ва хушбахтии инсонҳо шуморида, баҳри якпорчагии Тоҷикистон ва ҳамсоягон пайваста тадбирҳои беназир меандешанд.
Дар ҳақиқат, хотири ҷамъи падару модарон ва зиндагии осудаву хоби ороми кӯдакон, ин худ як барқарориву мавҷудияти сулҳу амонӣ маҳсуб мешавад. Давоми се даҳсолаи охир Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя робитаи дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд дорад.
Боиси хушнудист, ки дар таърихи 13.03.2025 байни Ҷумҳурии Тоҷикистону Қирғизистон созишнома дар ҳалли мушкилоти сарҳад имзо шуд. Муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкориҳои имрӯзаи ин ду кишвари дӯст пас аз ба даст овардани истиқлолият, ҳарду кишвар равобити дипломатии худро таҳким бахшида, дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисод, илму маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ ҳамкорӣ мекунанд. Баргузории мулоқотҳои расмӣ байни сарони давлатҳо, ташкили ярмаркаҳо, конфронсҳо ва барномаҳои фарҳангӣ барои рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстона мусоидат мекунад.
Кушодашавии сарҳадҳо байни Тоҷикистону Қирғизистон пас аз таваққуфи солҳои охир ва ҳаллу фасли мушкилоти ҷойдоштаи марзӣ бо ибтикори наҷиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров як рӯйдоди муҳим ва умедбахш барои мардумони ду кишвар ба ҳисоб меравад. Пас аз солҳо мушкилоти марзӣ ва баста будани гузаргоҳҳо, ин иқдом на танҳо робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодиро фаъолтар мекунад, балки барои таҳкими дӯстӣ ва эътимоди байни халқҳо низ нақши муҳим мебозад. Лаҳзаҳои фараҳ низ бар рӯйи мардуми тоҷику қирғиз расид. Тарафайн ба мувофиқа омада, баҳси сарҳад дигар вуҷуд надорад. Ҳар ду ҷониб Тоҷикистон ва Қирғизистон баъд аз сар задани мушкилиҳо дар марз ба нороҳатӣ рӯ ба рӯ шуда буданд, ки ба нафъи ҷонибе набуд. Чунки ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи сарҳадӣ мувофиқи шартномаҳои байналмилалии асосии зерин ба роҳ монда шудааст:
– Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба нуқтаи пайвастшавии сарҳади се давлат аз 05.07.2000;
– Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба гузаргоҳҳо ба воситаи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон аз 06.05.1998.
Дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон 5 гузаргоҳи сарҳадӣ қарор дорад:
1. Гулистон – ш. Исфара гузаргоҳи сарҳади давлатӣ, мақоми байналмилалӣ;
2. Овчиқалача – н. Б. Ғафуров мақоми байналмилалӣ;
3. Қарамиқ – н. Лахш автомобилгарди дутарафа;
4. Қизил-Арт – н. Мурғоб, байналмилалӣ;
5. Маданият ноҳияи Ҷаббор Расулов автомобилгарди дутарафа.
Бо боварии комил гуфта метавонем , ки густариши минбаъдаи маҷмӯи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон, ки бар усулҳои эҳтироми мутақобила, соҳибихтиёрии давлатӣ, тамомияти арзӣ ва халалнопазирии марзҳои давлатӣ асос ёфтаанд, таъмин мегарданду дӯстиву бародарӣ барои ҳамеша боқӣ мемонад. Боз шудани марз равобити дӯстиро афзуда, ҳамсоягии боз ҳам наздиктарро фароҳам меоварад.
Раҳимова Шаҳноза Каримовна
муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон