Мусаллам аст, ки китоб яке аз муҳимиятҳои асоси барои илмомӯзӣ ба ҳисоб меравад ва ҳамин аст, ки олимон баҳри илмомӯзии насли ҷавон ҳамчун равшангари роҳи фардо дар соҳаҳои мухталиф асар эҷод мекунанд, то ҷомеа аз илм баҳравар гардад. Ҳамин аст, ки дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон низ олимон фаъолона талош мекунанд, то бо нашри асарҳои илмӣ, таҳияи дастурҳои таълимӣ саҳме дар илми миллат гузошта бошанду хидмате барои насли ҷавон анҷом бидиҳанд.
Яке аз чунин олимони сермаҳсул, хирадманду оқил ва ғамхори насли ҷавон мудири кафедраи ташкили ҳамлу нақл Бобоев Раимҷон мебошанд, ки имрӯз низ 2 асари илмии хешро таҳти унвони “Тавсифи нақлиётӣ ва қоидаҳои ҳамлу нақли намудҳои алоҳидаи борҳо” ва ” Ҳамлу нақли байналмилалӣ” бо ҳаммуаллифии олимон Филлипова Надежда ва Саломзода Раҳмиддин ба чоп расонидаанд, ки имрӯз ба дастӣ хонанда расид.
Ёдовар мешавем, ки ин дастурҳои таълимӣ бо қарори ҳайати Мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чоп тавсия дода шудааст.
Қайд намудан зарур аст, ки олими донишкада Бобоев Раимҷон Масобирович яке аз олимони муваффақи соҳа мебошанд ва дар самти ҳамлу нақл пажӯҳиши зиёде анҷом додаанду асарҳои гуногуни илмӣ таҳия кардаанд, ки донишҷӯёну мутахассисони соҳа метавонанд аз он истифода баранд.