Дар мақолаи “ТОҶИК, ТОҶИКИЯТ, КОРОНАВИРУС ВА НАНГУ НОМУС” муллифон кӯшиш намудаанд, ки ҳамин ҳолатро бифаҳмонанд ва ҳамчунин аз паҳлӯи дигари масъала яъне заиф гардидани дилду гурдаи душманон ва ба таври комил нест шудани ғайрату шуҷоаташон қисса кардаанд. Муаллифони муҳтарам аввал ҷидди будани қазияро шарҳ дода, сипас душманон ва онҳое, ки ба ҳоли имрӯзи миллат механданд ба риштаи тафсир кашидаанд, ки хеле олимонаву орифона чеҳраи шаш нафар душмани бадкеш ва хоини миллатро бармало намудаанд.
Миллати тоҷик ҳаргиз сахтиву ранҷишҳо наметарсад ва умед бар он дорад, ки дар паҳлӯйи Роҳбари муаззами давлат ҳаст, аммо душманон бошанд ин лаҳзаҳо дасту дандон мекананд, то тоҷикро ба гумроҳӣ баранду вазъро ноором кунанд.
Онҳо кистанд?
“ Агар мо гумон кунем, ки инҳо тоҷик нестанд, ғалат мешавад. Агар гуем, ки падарони аслиашон тоҷик нестанд, модарашон дар хонаҳои точикбадбиноне канизакӣ карда истифода шудаанд, эҳтимол иштибоҳ бошад. Агар гуем, ки инҳо дар баччагӣ пеши муллое таълим гирифтаанд, ки дар хилват чун амрад мавриди истифодаи муллои беинсофи зинокор қарор гирифта, мардиву нангу номуси худро дар кудакӣ аз даст додаанд, «омӯхта» шудаанд ва ҳисси одамбадбинӣ дар хуну пуст, мағз андар мағзашон мондааст, мутаассифона, далел надорем. Ин сифатҳо гарчи тахмин аст, вале тоҷик ва аз Тоҷикистон буданашон бар онҳо яқин.”
Бубинед ин ҷо маълум мешавад, ки ин палидони наҳзатӣ аз қадим хоинпеша омадаанд ва имрӯз ба думболи хоинии хеш мераванд, зеро “ҷое зиндагӣ мекунанд, мансуб ба аҷнабист, пуле мегиранд мансуб ба аҷнабӣ, афкоре, ки рӯйи коғаз меоваранд, супориши аҷнабиҳост… Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар нохалафоне амсоли инҳо, ки ҳатто бо зикри номи манҳусашон даҳон олуда мешавад, имрӯз аз мусибати мардум суд меҷӯянд ва суиистифода кардан мехоҳанд.”
Инҳо малъуноне ҳастанд, ки имрӯз номи тоҷикро бад кардан мехоҳанд ва мехоҳанд, ки ҷомеа дар ин мубориза бо маризии коронавирус шикаст хӯрад, аммо ман бовар дорам, ки нангу номус ва тоҷикияти тоҷик намегузорад, ки шикаст хӯрад ва ба гумроҳон бовар созад. Зеро тоҷик аз азал мактаби ғурур ва шуҷоати худро дошт, ки ҳаргиз дар он шағолону рӯбаҳаконе мисли наҳзатиён он ҷо роҳ намеёфтанд.
Дар умум мақола хеле равшан ва зебову бо нигоҳ доштани фасоҳати сухан иншо шудааст, парда аз воқеиятҳои душманони миллат бардоштааст, ки ба нависандагони ин мақола изҳори сипос менамоем.
Меҳвар Абдусаломов
омӯзгори ДКМТ