Имрӯз барои миллати сарбаланди тоҷик расидан ба истиқлолияти комил ва соҳиб шудан ба давлати миллӣ беҳтарин муваффақият аст. Лек ҳастанд боз иддае, ки аз номи дину мазҳаб ва дигар арзишҳо истифода намуда, бар зидди миллати тоҷик мубориза мебаранд, ки ин хиёнати ошкоро мебошад ва бояд, ки хиёнаткорон бахшида нашаванд. Яке аз чунин гурӯҳҳои ифротӣ ва душманният ин аъзоёни ТТЭ ҲНИ мебошанд, ки ҳоло дар хориҷ аз кишвар ба дасисабозиву иғвобарангезӣ машғуланд ва мақсаду маромашон ҳам душманӣ варзидану амали намудани нақшаҳои нопоки хоҷагони хориҷияшон мебошад, ки ин миллати тоҷик бояд ин гуна малъунони наҳзатиро набахшад.
Зеро наҳзатиён ҳам дирӯз ва ҳам имрӯз ҳам кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то ҳадди ақал як нафарро гумроҳ созанд, як ақидаи ифротиро дар ҷомеа паҳн созанд, ки бояд пеши ин роҳи хиёнаткорон гирифта шавад.
Миллати тоҷик ба орзуи деринаи худ расид ва соҳиби давлату тахту тоҷ гардид, ки ин орзуву ормони ҳазорсолаи миллат буд ва ҳатман ин миллати сарбаланд ин истиқлолият ва ин давлати қудратмандро ҳифз мекунад, то иштибоҳи таърихии гузаштагонро дубора такрор насозаду миллат, аниқтараш насли фардо хор нагардад.
Он душманӣ ва он амалҳои хоинонаву хиёнаткоронае, ки наҳзатиёни зархарид бар алайҳи миллати тоҷик раво мебинанд, як дер намепояду ҳатман ин наҳзатиёни террорист шикаст хоҳанд хӯрд. Чунки миллати тоҷик дигар ба сафсатаҳои наҳзатӣ бовар намекунаду аллакай фаҳмид, ки наҳзатиён ва он ҳама аъзоёни ТТЭ ПМТ хизматгори кадом хоҷаанд?!
Аз ин рӯ, ҳар як насли ҷавон ва ватандӯстро лозим меояд, то барои ҳифзи сарҳад ва истиқлолияту ваҳдати миллат ҷоннисорӣ кунад ва кӯчактарин душманро нагузорад, то мақсадҳои худро амалӣ гардонад.
Раҳимов Ҳ.Ҳ.
омӯзгори ДКМТ