ДУШМАНРО ҲАМ ДАР САХТИҲО ШИНОХТЕМ!

Масъалаи нангу номус ва ҳувият ҳамеша баҳсбарангез будааст ва ҳамеша инсоният дар шинохти чеҳраҳо ба иштибоҳ роҳ додааст. На ҳама он нафароне, ки чеҳраи ин инсонӣ доранд воқеан ҳам инсонанд ва шеваи инсониро медонанд.

Ҳоло дигар ин шабу рӯз ҷомеа дар ҳоли мубориза бо коронавирус қарор дорад ва ҳатто омодааст охирин лаҳзаи ҷонашро қурбон созаду бо ин маризӣ пирӯз шавад.  Аммо ҳастанд идае аз хоинон ки бар ин ҳолати ҳузнангези миллат механданду дар ин шабу рӯзи мушкил табли шодӣ мезананд. Дар мақолае кормандони Акадмеияи илмҳо таҳти унвони “ТОҶИК, ТОҶИКИЯТ, КОРОНАВИРУС ВА НАНГУ НОМУС” маҳз ҳамин ҷанбаи корро ба инобат гирифта дар шинохти душманони миллат имрӯз як шашгонаро чеҳракушоӣ намудаанд, ки воқеан аҷиб аст. “Дар рӯзи мурда на ҳама барои сугворӣ меоянд. Баъзеҳо бо интизорӣ, хурсандии ниҳонӣ ва заҳрханда изҳори тасалият мекунанд, то соҳиби майитро низ  бикушанд. Инҳо аз ҷумлаи пасттарин инсонҳои дунё ҳастанд. Фаромуш мекунанд, ки агар на дар ин сурат, агар на имрӯз, на фардо, пасфардо ҳатман дасти тавонои марг дари онҳоро низ мекубад. Интизор бояд бошанд. Аз ин роҳ касеро халосӣ нест.

Одамон, махсусан ҷавонон шоҳид ҳастанд, айнан ҳамин хислатро дар ин рӯзҳои фоҷеабор ифротгароёни палиди наҳзатӣ дар намоиш гузоштаанд.  Дар ҳар як мурдаи тоҷик  онҳо рақсу бозӣ, хушҳолӣ ва якдигарро табрик мекунанд. Барои худ маъракаи хурсандӣ меороянд. Дастони касифи худро сӯйи компютер бурда ниҳоят бесаводона, бо лаҳҷаву ифодаву калимоту таъбирҳои нимэронии туркмаобона ва арабиасли бемавқеъ дар бораи мусибати мардуми тоҷик бо шеваи чуғз таронасароӣ мекунанд ва ба ин васила фазои афкори умумро тағйир доданӣ мешаванд.”

Яъне ҳатто дар ҳолати вазнин ва бисёр ҳам мушкил ҳам ин палидони наҳзатӣ аз хиёнат даст набардоштаанд, ки воқеан ҳам мояи шармандагиву пастфитратист.

Дар мақола муаллифон кӯшиш намудаанд, ки чӣ будани воқеият ва кӣ будани душмани миллатро бо мисолҳои равшан, ки ҳаргиз дӯст дар чунин ҳолат бар дӯсти худ табли шодӣ намезанаду ин наҳзатиёни хоин заданд, ошкоро сохтаанд ва тлош варзидаанд, то воқеиятро бе ягон мушкил ташреҳ диҳанд.

“  Дар олам, дар мулки сармоя, дар Аврупо нафаскашӣ ҳам пул меистад. Оби ошомиданӣ, ки гушаву канори Тоҷикистон сарчашмаи он аст, аз нархи нафту газ якуним-ду баробар гарон аст. Сайтҳои  моҷароҷуи Ахбор. ком, Паём. нет, Ислоҳ. нет, Кимиёи Саодат, Востокнюз, Озодандешон, Рисолат.тҷ. ва даҳҳои дигар, ки дар хизмати террористони наҳзатӣ ҳастанд ва ин қадар ҷон мекананд, магар аз кисаи Кабириву Салимпур пул мегиранд? Албатта, не. Ин хоинӣ қимат дорад. Пул меистад. Кишваре, ки давлати моро як бор ба хоку хун кашид ва кишварҳое, ки даъвои қудрати бузурги оламро доранд, ба ин ватанфурушон пул медиҳанд. Пулро мақсаднок медиҳанд. Ана ҳозир аз ҳисоби фоҷеаи мардуми худ гурҳоро сузонданӣ мешаванд, ки дегҳояшон ҷӯшанд. Аммо яқин дониста бошанд, ки ин мушкил мегузарад. «Расид мужда, ки айёми ғам нахоҳад монд. Чунон намонд вачунин ҳам нахоҳад монд». «Зимистон мегузарад рӯйсиёҳӣ ба зуғол мемонад». «Меравад рӯзи гушнагӣ, мемонад к…ни сӯхтагӣ».  Омода бошед!

Акнун замоне расидааст, ки миллат нангу номуси худро нишон диҳа ва бо дили гарму шуҷоати баланд дар ин муборизаи нангу ор ширкат намояду пеш аз ҳама хоинони миллатро шарманда созад, то ба ҷойи ханда гиря кунанд ва ғамхонаашонро дар оёни худ бисозанд.

М. Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ