ДУШМАНОНАМ ЗАИФУ НОМАРДАНД…

Дунё ҳамеша пур аз муборизаҳост ва пайваста барои ин ё он роҳ муборизаҳо вуҷуд доштааст. Ҳамеша дар олами ҳастӣ баҳс ва ихтилофу душманӣ вуҷуд доштааст, ки имрӯз ҳам дида мешавад. Ҳамон тавре, ки имрӯз низ шахсиятҳои ватандӯст ва созандаву ободкори кишвари мо низ душман доранд, аммо душмани номард ва маккор.

Ҳарчанд имрӯз тамоми ҷаҳон дар ҳоли пешрафту ободкориҳост, аммо барои тоифае бадном кардан ва дурӯғ гуфтан ҳанӯз ҳам миссия боқӣ мондааст. Тавре, ки шоҳид будем, як идда аз душманони миллати тоҷик, нотавонбинон ва кӯрботинон ба хотири доғдор намудани  номи  Раиси Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ хабарҳои бардурӯғ паҳн намуда, мардумро фиреб доданӣ мешаванд, ки ин ҳам нишони нотавонбиниву пастфитратии тоифаи душманнасақ мебошад. Ин ҳам дар ҳолест, ки раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар як муддати кӯтоҳ тавонистанд, ки пойтахти кишвар, қалби Тоҷикистонро ба як маркази зебову обод ва пешрафта табдил диҳанд, ки месазад Рустами Эмомалиро давобахши қалби Тоҷикистон номид. Чунки дар як муддати кӯтоҳ масъалаҳои зиёд, мушкилиҳои пойтахти кишварро бартараф намуда, шаҳри Душанберо ба як маркази бузург дар минтақа муаррифӣ намуд, ки ин корнамоии беназир аст ва бори дигар исбот намуд, ки Рустами Эмомалӣ давомдиҳандаи  мактаби бузурги Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мебошад.

Ҳеҷ кас дарк ҳам намекард, ки пойтахти кишвар дар ин муддати кӯтоҳ бад ин ҳад рушд менамояд ва дар ҳақиқат ҳам бо омадани роҳбари ҷавон ва умедбахш шаҳри Душанбе ҳамчун нигини кишвар дурахшид, ки ин заҳмат ва талошҳои муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошад .

Кунун, ки душманон чашми дидани пирӯзиҳои роҳбарияти олии кишварро надоранд, талош мекунанд, то бо пахши хабарҳои бардурӯғ, ки гӯё Рустами Эмомалӣ дар кадом кишвари хориҷа табобат мегирифта бошад,  мардумро фиреб диҳанд, ки ин амали номардон аст. Ҳамон гуна, ки шоири бузург фармуда буд:

Душманонам заифу номарданд,

Душмани мард орзӯ дорам.

Имрӯз душманони муҳтарам Рустами Эмомалӣ низ заифу номарданд ва мисли номардон рафтор намуда, бо як шеваи паст ва ҷаҳолат рафтор менамоянд, ки албатта ба онҳо касе таваҷҷуҳ ҳам нахоҳад кард ва ҳамагон медонанд, ки кори душманон ихтилофандозиву дурӯғпаноканист.

Умед дорем, ки душманони разилу номард ва кӯтоҳақли шахсияти олии кишвар муҳтарам Рустами Эмомалӣ номуваффақ шуда, сар ба пойи ин сиёсатмадори ҷавон фуруд меоваранд.

Давлатов Д.

омӯзгори ДКМТ