ДУРАХШИ “СИТОРАИ НАҶОТ”-И МИЛЛАТ ДАР САДАИ XX

Охири садаи 20-ум ва аввали асри 21 барои ҷаҳониён пайомадҳо ва ҳаводису рӯйдодҳои сиёсиву иҷтимоии мухталифро ба хроникаи таърих ворид сохт, ки воқеан ҳам онро як давраи нав ва ё худ бохту пирӯзӣ ҳам метавон арзёбӣ кард. Дар бузургтарин қутби ҷаҳонӣ Иттиҳоди Шӯравӣ, ки баъзан бузургтарин истисморгари онвақта ҳам ном мебаранд, таҳаввулоти бузурги сиёсӣ ба амал омад. Халқияту миллатҳои зери парчами Шӯравӣ ҷамъ омада, ҳақиқати ҳолро дарк намуданду даъвои мустақилият намуданд ва кор ба ин ҳад расид, ки 15 ҷумҳурии бародарӣ истиқлолияти худро хостанду якбора аз бузургтарин абарқудрат ному нишоне намонд. Баъзан демократҳо пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравиро нестшавии пояи зулм ва мустамлика дар ҷаҳон меҳисобанд, ки шояд дар ин бора баҳс кардан барвақт бошад. Зеро дар шароити кунунӣ, ки ҳаводорони Шӯравӣ хеле зиёданд, бозгӯ намудани ҳақиқат ҳам шояд каме барвақт бошад, вале бовар дорем, ки таърих бар ин ҳодиса баҳои воқеӣ хоҳад гузошт…

Аз пош хӯрдани Шӯравӣ агар баъзе ҷумҳуриро мероси гаронеро соҳиб гашта бошанд, бинобар заифиву нотавонмандии роҳбарони ҳамонвақтаи кишвари мо чизе ҳам ба мо аз он кишвар ба мерос намонд ва албатта бар болои ин як даҳшату ваҳшати дигаре барои тоҷикон омад, ки онро балои охирзамон ҳам гуфтан хато нахоҳад буд. Зулмот ва торикии кулл номидан он рӯзҳо аз ҳақиқат дур нахоҳад буд…

ТОҶИКИСТОН ВА БАҚОИ МИЛЛАТ

Мусаллам аст, ки таърихи башарият аз ҷониби нотиқони ҳар давру замон бо дарки амиқи вазъият ва омӯзиши ҳаматарафа навишта мешавад ва дар ин ҷода баҳсе ҳам вуҷуд надорад. Ҳамзамон достонҳо ва ривоятномаҳо аз корнамоиву далериву шуҷоати афроди шоиста дар асоси воқеаҳо эҷод мегардад, то ба ояндагон сабақе гардад. Дар гузашта ҳам таърихи миллати тоҷик аз корнамоӣ ва  қаҳрамониву хизматҳои фарзандони ватандӯстӣ миллат сафҳаҳоти хосеро  фаро гирифтааст, ки то ба имрӯз ба мо расидааст. Аммо таърихи муосири халқи тоҷик сафҳаи тозаест, ки на ба як қаҳрамонӣ ва муҳорибаи гурӯҳӣ, балки барои наҷоти як миллату давлат ҷоннисори намудани як абармардро ба ҷаҳониён бозгӯ менамояд, ки воқеан ҳам мавриди таваҷҷуҳ ва нуктаи омӯзишу баҳрабардорист. Агар бигӯем, ки аз таърихи муосири миллати тоҷик намешавад  чизеро омӯхт, куллан иштибоҳ ва дарк накардани воқеияту бардошти ғалат мебошад ва агар ба омӯзиши он бипардозем, ҳатман дармеёбем, ки охири садаи 20-ум барои тоҷикон давраи ҳалкунандаву басо тақдирсозест, ки дар он муаммои боқӣ мондани миллат ва бақои давлати тоҷикон барои ҳазораи сеюм  ҳалли худро меёбад, ки ин ҳам бевосита аз ҷасорату шуҷоат ва корнамоиву ҷоннисории қаҳрамони миллат, фарзанди ватандӯсту некдил Эмомалӣ Раҳмон дар он рӯзҳо дарак медиҳад. Оре, маҳз Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамон хислати тоҷикии мушкилнописандиву ғаюрӣ, чолокиву матонати баландаш тавонист, ки ба ин муаммо нукта гузораду миллати тоҷикро, давлати тоҷиконро аз вартаи нобудӣ наҷот диҳад.

Шояд дар асри 20 ба чунин қаҳрамонӣ башарият камтар вохӯрда бошад ва ҳамзамон таҷрибаи нодири корбарии Эмомалӣ Раҳмон барои насли имрӯзи ҷаҳон таҷрибаи нотакрор ва сабақомӯз аст. Ин ҷо боз ҳам суол ба миён меояд, ки чӣ тавр як тоҷик тавонистааст миллат ва давлатро наҷот бидиҳад ва он ҳам дар шароите, ки ҷомеа дигар аз саодату сурур дил канда буд?

Бале, воқеан ҳам ин масъала бисёр нозук ва барои посух гуфтан ба ин савол бармегардем ба ҳамон солҳои 90-ум, ки чи тавре, ки дар боло гуфтем, пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ҷумҳуриҳои бародарӣ соҳибистиқлолии худро эълом доштанд ва аз паси ҳамдигар мероси худро бигрифтанду ба мустақилияти худ болиданд. Аммо дар ин миён Тоҷикистон ҳамчун давлати тозаистиқлол бо иштибоҳи роҳбарони ҳамонвақта ҳам аз мерос монду ҳам аз имкониятҳо…

 Яъне гурӯҳҳои мухолиф ва аз ҷониби бегонагон идорашаванда маркази Душанберо ба майдони «Шаҳидон»-у «Озодӣ» табдил дода буданд, ки ҳар яке даъвои худро дошту ҳукумати онвақта дигар маҷоли иҷро кардани ин дархостҳоро надошт. Ва оқибат кор ин шуд, ки дар мамлкат нооромӣ ва бесарусомонӣ авҷ гирифту вазъият муташанниҷтар мешуд. Роҳбарони онвақтаи давлат на тавони розшунавӣ доштанду на тавони розбарӣ, вакилон кори худро идома дода наметавонистанду кор ба ҷое расид, ки оташи ҷанг дар кишвар аланга зад, ки касе пеши роҳи онро гирифта наметавонист. Миллат дар роҳгумиву сарсонӣ қарор дошт. Гуруснагӣ ҷомеаро аз пой афтонида буд ва боз болои ин бемориҳои зиёде зуҳур карда буд, ки роҳи табобаташ вуҷуд надошту рӯз аз рӯз миёни ҷомеа паҳн мегардид. Давлат дар масоили умдаи ҷомеа расидагӣ карда наметавонист, миллат аллакай рӯ ба нестӣ оварда буд… Он рӯзҳои сангин ва вазнини бар сари миллат омадаро, ҳатто даҳшат номидан ҳам сабуктар аст, зеро вазъият он қадар вазнин буд, ки тасаввур карданаш номумкин гардида буд. Зисту зиндагӣ номумкин шуда буд. Мардум аз дасти силоҳбадастони мазҳабгаро рӯ ба гурез оварда буданд ва ҳатто анқариб як миллион нафар гуреза шуда ба кишвари ҳамсоя- Афғонистон фирор намуданд, то ҷони худу азизонашонро наҷот диҳанд…

Аз ҷониби дигар ба ин вазъи душвор нигоҳ накарда, гумоштаҳои хориҷӣ, афроди зархаридгардидаи мазҳабгаро ба мағзшӯии миллат камар баста, кӯшиш мекарданд, то расму ойин ва мазҳаби миллатро ҳам аз байн баранд. Воқеан ҳам ин гурӯҳҳо махсус омода гардида буданд, ки баҳри нобудсозии миллат ва ё аз байн бурданӣ ҷамъияти тоҷикон сафарбаршуда буданд ва бо ҳар роҳе мехостанд кори худро анҷом диҳанд. Қатли равшанфикрони кишвар ҳам маҳз маҳсули нақшаи ҳамин душманони миллат, ҳамин афроди зархариди ҳуввиятбохта  буд… Ин ҷо зархаридон мехостанд сенарияи кишварҳои «ҷаҳони сеюм»-ро, ки аз ҷониби қудратхоҳон таҳия шуда буду мақсадаш ҳам ноором кардани ҷомеаву нест намудани давлат бо роҳи ба яғмо бурдани сарватҳои кишвар буд, амалӣ намоянд…

Ана дар ҳамин рӯзҳои вазнин ва душвор миллат ва давлати тоҷиконро нафаре лозим буд, ки сарварӣ кунаду ба ин масъала расидагӣ намояд ва албатта ин нафар ҳам пайдо шуду ҷони худро бар каф гирифта, дар пайи беҳтар намудани вазъи мураккаби бавуҷудомада гардид, ки ин нафар Эмомалӣ Раҳмон буданд. Шиносномаи таърихи навини миллати тоҷик бевосита бо номи Эмомалӣ Раҳмон зебандаву арзандаи ёд кардан аст, зеро иродаи қавӣ, боварии комил, шуҷоат ва мардонагиву далерии абармади асили тоҷик, фарзанди халқи меҳнаткаш муҳтарам Сарвари азизу муаззами кишвар буд, ки чароғи роҳи ояндаи миллат фурӯзон гашт ва ё ба ибораи дигар агар тасвир кардани шавем, масири нави бақои давлату миллати тоҷиконро бунёд карда шуд.        

ИСБОТИ ТАЪРИХ

Мавриди зикр аст, ки дар таърихи расидан ба муваффақиятҳо ва пирӯз шуданҳо новобаста ба кадом халқу миллат мансуб  будан, ҳамеша сафҳаҳои алоҳида навишта шудааст, то барои насли баъдӣ сабақомӯзе бошад. Албатта, инсоният бе надонистани гузаштаи хеш наметавонад, баҳои ояндаро бидиҳад ва ё худ ба ибораи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “инсон таърихи гузаштаи худро фаро нагирад, табиист, ки аз зоти худ, роҳи тайкарда, дастовардҳои сиёсиву фарҳангӣ ва бурду бохти мардумаш ноогоҳ монда, чун махлуқе одамсурат, вале бепарво, бемасъулият, бенишон умр ба сар мебарад”, ки ин воқеан ҳам даҳшат барои одамият мебошад. Инро баъзан фоҷеа меноманд, аммо замоне мо инро фоҷеа гуфта метавонем, ки ҷаҳон бӯҳрони ақлонӣ ё худ маърифатро паси сар карда бошад. Лек ҳоло ҷаҳониён дар ҳоли аз даст додани шуури ҷамъиятӣ ҳастанд, ки ин бисёр ҳам нигаронкунанда ва як бӯҳрони амиқи оламро фарогир мебошаду хатарҳои зиёдеро ба думбол дорад.

Аммо баргардем ба ҳамон нуктаи аввал, ки надонистани таърих, дур мондан аз гузашта, бехабар мондан аз шаҷараи худ, ноогоҳ мондан аз рисолаи оини гузаштагон, каммаълумотӣ аз қаҳрамониҳову ҷоннисориҳои ватандӯстони миллат, оқибат моро гумроҳ кард ва он қадар гумроҳ сохт, ки ҳатто анқариб розӣ будем ба аз даст додани миллат ва давлати худ. Оре, танҳо  як давраи дур сохтан аз фарҳанг ва таърихи гузашта моро ба ҳамин рӯзи сиёҳ овард, ки шояд бузургон ва таърихшиносон бо ин масъала бо камина розӣ набошанд, аммо он даҳшат ва он махуфии гурӯҳҳои зархаридро, ки бо тақдири миллат бозӣ кардан мехостанд, ман он рӯзҳоро рӯзҳои сиёҳи миллат меномам, зеро ҳикмати аслии таҷрибаи таърих ва омӯзиши он рӯзҳо нишон медиҳад, ки солҳои 90-ум барои миллати тоҷик воқеан ҳам то омадани Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат ва зимоми давлатдорӣ торику норавшан ва ноаниқу номаълум буд. Ҳатто касе ҳам гуфта наметавонист, ки фардо тоҷик дар замини худаш метавонад вуҷуд дошта бошад ё на?! Муҳаққиқон ва коршиносони дохиливу хориҷӣ то ҳанӯз таърихи он рӯзҳоро мавриди омӯзиш ва пажӯҳиш қарор медиҳанд, то маҳаки аслии расидан ба ин рӯзҳои неки миллатро дарёбанд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва расидан ба ваҳдати комили миллиро ҷаҳониён таҷрибаи нодир ва нотакрор дар арсаи байналмилалӣ унвон медиҳанд, ки воқеан ҳам дуруст ва он бевосита ба шахсияти Эмомалӣ Раҳмон рабт дорад ва ин нуктаро ҳам набояд фаромӯш намуд, ки барои миллати тоҷик фарзонафарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон формулаи нави давлатдориро бунёд сохтанд, ки решаи он ба халқ ва миллат бастагӣ дорад ва ин албатта шакли нав ё худ усули нави давлатдорӣ дар шароити феълӣ мебошад.

Барои равшани андохтан ба ин масъала бар хонанда ба хроникаи солҳои 90-уми асри гузашта менигарем ва ҳамин ҷо шояд хонандаи азиз дарёбад, ки чӣ рӯзҳоеро миллат аз сар гузаронид ва чӣ таърихеву чӣ ҳолати он рӯзҳо вуҷуд дошту кадом хатар миллат ва давлати тоҷиконро таҳдид мекард?

Амиқтараш агар бигӯем, ки солҳои 90-ум нақшаи нобудсози миллат ва давлати тоҷикон дар дасти гурӯҳҳои манфитаҷӯ мечархиду барои ин ҳатто чандин гурӯҳҳо сафарбар шуда буданд, хато ҳам нахоҳад буд.

Ташкил намудани ҷанги шаҳрвандӣ, ки онро Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳмилӣ унвон карданд, аз он нақшаҳое буд, ки душманони миллати тоҷик амалӣ кардан мехостанд  ва бо ҳамин мақсад нияти пурра аз харитаи сиёсӣ пок сохтани номи Тоҷикистонро доштанд. Барои ин доираҳои манфитахоҳ ва аниқтараш душманони миллат зархаридони худро доштанд, ки дар дохили кишвар бар алайҳи миллат меҷангиданд ва нияти ба таври комил нобуд сохтани ҷомеаро доштанд.  Албатта, пас аз пош хӯрдани ҷумҳуриҳои Шӯравӣ ҳар як ҷумҳурии бародари соҳибистиқлол гардид ва ба роҳи мустақили хеш идома бахшид, аммо Тоҷикистон бошад дар ин давра ба гирдоби бало ғӯтавар шуд. Гурӯҳҳо ва душманони манфиатҷӯ нақшаи фавқуззикро нияти амалӣ кардан доштанд ва он хеле печидатар ва норавшан амалӣ мешуд, ки дар он рӯзҳо миллат роҳи худро ба куллӣ гум карда буд. Ҷанг идома меёфт, ҳукумат аз идомаи идоракунӣ намебаромад, роҳбарони вақтӣ дур аз таъриху фарҳанги миллат ва ба фармоншунавӣ одаткарда, идомаи давлати мустақилро тасаввур намекарданд ва оқибат кор ба ин расид, ки як холигӣ ва бесоҳибӣ ҳукфармо шуд. Давлат ба доди мардум намерасид. Гурӯҳҳои авбош ва силоҳбадаст ба ҷони шаҳрвандони бегуноҳ раҳм намекарданд, гуруснагӣ кулли кишварро фаро гирифта буд. Мардум гуреза шудаву аз баргарштан ба Ватан даст шуста буданд. Равшанфикрони маъруфро, ки миллат эътироф мекард, зархаридони гумроҳгашта ба қатл расониданд, то ҳарчӣ зудтар ба мақсади нопоки хеш бирасанд. Вакилони Шӯрои Олӣ он вақт ба кори хеш дар Душанбе идома дода наметавонистанд, касе додашро ба касе гуфта ҳам наметавонист, вазъият хеле печидатару мураккаб гардида буд. Ин буд, ки дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар Қасри Арбоб Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси Шӯро таъйин гардиданду тақдири миллатро ба дӯши хеш гирифтанд.

НАҶОТБАХШИ МИЛЛАТ

Он замон нафаре, ки ғайрат кардаву тақдири миллатро бояд ба  дӯш мегирифт вуҷуд надошт ва касе ҳам ғайрат намекард, то ин масъулиятро ба гардан гирад, ин ҳам дар ҳоле, ки ин ҷо тақдири миллат ва давлат дар миён буд. Фақат аз миёни вакилон танҳо Эмомалӣ Раҳмон ҷавонтарин вакил ғайрат карданд, то ин масъулиятро бар дӯш гиранду баҳри раҳои ёфтан аз мушкил ва аз варта наҷот додани миллат  талош варзанд.  Ин ҷо на таҷрибаи давлатдорӣ, на  мактаби советӣ, на тарбияи коммунистӣ, балки ҷасорат, ғайрат, ғурур, нангу номус, мушкилнописандӣ, масъулиятпазирии  Эмомалӣ Раҳмон фарзанди миллати тоҷик тавонист, ки дар ин масъала мадад кунад, ёрӣ расонад. Фақат дилсӯзиву ҷоннисорӣ барои ин Ватан ва миллат имкон дод, ки Эмомалӣ Раҳмон аз иродааш нагашта, тоҷикро дубора соҳиби давлату миллатро соҳиби саодату ваҳдат гардонад. Эмомалӣ Раҳмон дар он рӯзҳои сангин, ки ҳамаи роҳбарони ҳамонвақта ба ибораи мардумӣ ях баста буданду майнаашон дигар истиқлолиятро тавони шинохтану дарк карданро надошт  ба арсаи сиёсат омаданд ва исбот намуданд, ки тоҷик метавонад бо иродаву ҷасорат ва муҳаббату самимияти вижааш давлатро идора кунаду миллатро ба хушҳолӣ ва саодат бирасонад.

Шояд дар назар ба даст овардани ваҳдат ва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ  ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон андак содда намояд, аммо ҷоннисориву азхудгузарӣ ва бедорхобиву  кӯшишҳои пайвастаи  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Созишномаи умумии истиқрори  сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Зеро ягона нафаре аз давлатдорон ва ҳукуматдорон Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки қолабшиканӣ намуданд ва дар фикри имрӯзу фардои миллат шуданд, баръакси замони шӯравӣ, ки ҷомеаро на барои оянда, балки барои истифодаи қувваи ҷисмонӣ мешинохт. Ҳарчанд дар бисёре аз маъхазҳо инро наменависанд, аммо бояд иқрор шуд, ки ин аввалин таҷрибаи давлатмандии миллӣ буд, ки шаҳрвандони кишварро ҳамчун инсон ва ҷузъи аз таъсиргузор барои фардо шинохта шуданд ва мавриди эҳтирому арҷгузорӣ қарор гирифтанд. Ҳамин буд, ки аз аввалинҳошуда Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба фарзандони сарсупурдаи  миллат  Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум унвони “қаҳрамони халқи  тоҷик”-ро доданд, ки ин худ қадрдонии насли тоҷик мебошад ва аз ҷониби дигар заминагузорӣ ба ваҳдати комили миллӣ низ ҳаст.

Тавре, ки маълум аст, он солҳо зиёда аз як миллион шаҳрванди кишвар ба хориҷи кишвар фирор намуда буданд ва баргардонидани онҳо аз вазифаҳои асосии роҳбари давлат ба ҳисоб мерафт ва ҳамин аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустиншуда барои барқарор намудани сулҳ ва ваҳдати ҳар як оила талош намуданду чунин ваъда дода буданд: “Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам…”, ки  шунидани ин суханҳо дар он солҳо бисёр ҳам баланд ва нодиру беназир буд. Зеро ҳеҷ як роҳбари он вақтаи кишвар чунин ғамхорӣ ва ҷоннисориро барои миллат ибро намедид ва агар медид ҳам, инро сиёсати он вақтаи Шӯравӣ иҷозат намедод. Аз ҳаминҷост, ки як формулаи давлатдории навини тоҷикон зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон сарвари ҷавону навкор шакл гирифт ва аз ҳамон рӯз то кунун тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун миллати соҳибдавлату соҳибтамаддун обрӯву нуфуз пайдо намуданд ва соҳиби зиндагии шоиста гардиданд, ки фикр мекунам дар ин масъала касе бо камина наметавонад вориди баҳс шавад, зеро инкори ҳақиқат аз кӯриву нотавонбинист.

Барои ба имзо расонидани Сознишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба бо ҳайатҳои гуногуни мухолифин (Кобул ва Хосдеҳ (Афғонистони шимолӣ, солҳои 1995 , 1996), Теҳрон (1995), Маскав (1996), Машҳад (1997) ва Бишкек (1997)) сари мизи музокирот нишастаанд, ки ҳар яке дар худ таърихи вижаеро дорост. Ҳатто таърихшиносон борҳо таъкид намудаанд, ки вақте бо намояндаи мухолифон барои мулоқот Эмомалӣ Раҳмон равон мешаванд дар Афғонистон вазнинтарин ҷойро, ки таъмини амнияти ҳайатро касе кафолат намедод таъйин мекунанд. Сарвари ҷавону оқил аз азми хеш барнагашта ба ин минтақа мераванд, ки ин бисёр ҳам ҷасорат ва родмардиву дилбастаии эшонро ба миллат ва содиқ будани он касро ба савганди хеш нишон медиҳад.

АЗ ҶАНГ ТО БА СУЛҲ

Таъкид кардан ба маврид аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ тавонистанд, чархаи фалаҷгардидаи иқтисодиётро ба гардиш дароранд, вазъи илму маорифро беҳбуд бахшанд, вазъи тандурустиро, ки дар он солҳо бисёр ҳам ақибмонда буд ба шароити замони нав мутобиқ созанд, корхонаву ширкатҳои истеҳсолӣ бунёд намоянд, роҳҳову нақбҳои нав бино созанду минтақаҳои кишварро ба ҳам пайванданд, нерӯгоҳҳои бузургро ба кор дароранд ва вазъи иҷтимоии сокинони кишварро аз ҳолати сифрии зиндагӣ ба дараҷаи баланд бардоранд, ки ин ҳам барои ҳамватанони азиз дастоварди бузург мебошад. Зеро аз он солҳои вазнин ва ҳатто аз Шӯравии баландном барои Тоҷикистон чизе намонда буду ҳатто дар давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ин ҳама заводу фабрикаҳо ё қисман ва ё  пурра ба коми оташ фаро гирифта шуда буданд ё ба яғмо бурда шуданд, ки барқарор намудани он кори соддаву осон ҳам нест ва мо шоҳид шудем, ки чӣ тавр роҳбари давлат Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи онро барқарор намуданду шароити зисту зиндагии мардумро беҳ гардониданд…

Чизи дигаре, ки он солҳо теша бар решаи миллат мезад, ин зархаридони исломгаро буданд, ки бевосита аз берун идора мешуданд ва асло ба ҳувият ва ваҳдати тоҷик коре надоштанду  мақсаду маромашон ҳам табдил додани Тоҷикистон ба Афғонистони дуюм буд, ки хушбахтона пеши роҳи ин зархаридон ва гумроҳонро низ Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки бигиранд ва ҳамин аст, ки собиқ  президенти Иёлоти муттаҳидаи Амрико Ҷорҷ Буш роҷеъ ба шахсияти роҳбари муаззами давлат чунин ибрози ақида намудааст: “Эмомалӣ Раҳмон дар замони бисёр муташанниҷ ба кишвараш ва халқаш сарвар гардид. Вале тавонист, халқу давлаташро аз варта наҷот диҳад. Вай дар муддати начандон тӯлонӣ дар мамлакат сулҳ барқарор кард ва ба арсаи байналмилалӣ баромад. Чунин сиёсатмадорон каманд….”.

Албатта, тасаввур кардани он давра на он қадар осон аст ва барои зимоми давлатдориро ба даст гирифтан шахсияте лозим буд, ки дар деги сиёсат ҷӯшида бошаду ҳама макру найрангҳои сиёсати ҷаҳониро дарк намояд. Аммо Сарвари ҷавони тоҷикон бо шуҷоат ва мардонагиву донишу маҳорати баланди хеш, ҳамчун як шахсияти комил дар масири ҳаёт тавонистанд, ки вазъро дар кишвар ба эътидол оварда, минтақаи Осиёи Марказиро аз мушкилоти бузург, ки нақшааш аллакай тарҳрезӣ шуда буд, наҷот доданд, ки инро ҳатто роҳбарони он вақтаи кишварҳои минтақа эътироф намудаанд. Чуноне, ки собиқ президенти Ҷумҳурии  Ӯзбакистон Ислом Каримов мегӯяд: “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Шарипович чун сиёсатмадори дурбин на танҳо халқи худро ба сулҳу осоиштагӣ расонд, балки дар оромии минтақа саҳми бузург гирифт. Ин хизмати бузурги вай мебошад”.

Воқеан ҳам вақте аз саодати ин миллат, аз масруриву хушҳолии ин миллат меболем, пеш аз ҳама хизматҳо ва корнамоиву ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назар меояд, ки маҳз он кас сабабгори хӯшиву болидарӯҳиву давомёбии рӯзҳои неку ҷовидонаи миллати тоҷик гардидаанд, ки инро набояд ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ фаромӯш созад.

Воқеан ҳам таърих дубора исбот намуд, ки миллати тоҷик ҳанӯз ҳам родмардон, абармардон, қаҳрамонони далери мисли Эмомалӣ Раҳмонро дорад, ки метавонад дар вазнинтарин шароит, дар душвортарин лаҳза наҷотбахшу ҳомияш  бошад.

Агар дар тасвири он рӯзҳои сангин ва душвори миллат бигӯем, ки Эмомалӣ Раҳмон дар боми ғурбат ва яъсу ноумедӣ шодиву нишот ва хушбахтӣ бино сохт, хато нахоҳад буд. Зеро маҳз Роҳбари муаззами давлат бо кордониву зиракии сиёсӣ ва эҳтиромгузори ба таърихи пурғановати миллӣ тавонистанд, ки Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ наҷот диҳанд ва миллатро дубора дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд, ки ин бисёр ҳам хидмати бузург ва беназир мебошад.  

Ҳарчанд охири садаи 20-ум ва аввали асри 21 оғози бархӯрдӣ фарҳангҳо ва ё худ зуҳури падидаи наве бо номи ҷаҳонишавӣ бошад ҳам, аммо Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки аз ин аждаҳои фурӯбари халқияту қавмҳо ва фарҳангу тамаддунҳо миллат ва тамаддуни тоҷикро наҷот диҳанд, ки хизмати басо бузург ва дар шароити феълӣ зарурӣ барои мо мебошад. Қуллаи уммеди миллат ҳоло дигар баландтар аз он рӯзҳои наҳсу пурғурбат қарор дорад, ки онро мешавад як қуллаи офаридаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллати тоҷик номид ва Тоҷикистонро бошад як биҳишт дар рӯйи замин.

ДУРАХШИ СИТОРАИ НАҶОТ

Ҳоло воқеан ҳам фурсате фаро расидааст, ки аз ин рӯз ва аз ин талошу ҷоннисориҳо ёд кунем ва ин қаҳрамониро ба насли ҷавон ташреҳ диҳем, то ояндагон тавонанд аз ин рӯзҳо ва ин ҷонфидоиҳо сабақе омӯхта бошанд. Мурод аз ёд овардани ваҳдат ва ҳамдилӣ ин тарҷеҳ намудани он рӯзҳо ва шукргузори намудан аз имрӯз аст, ки хушбахтона дар фазои орому осуда ва сулҳу салоҳ ба сар мебарему саодату хушбахтӣ дар остони ҳар як дар ва ё худ дар боми муҳаббати ҳар хонавода мумиё гардидааст.

Маҳз хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯз мо хушбахтона дар сояи баландтарин парчами кишвар қадам мезанему шукрона аз он “тулӯи хуршед” дар он рӯзҳои даҳшатбори Тоҷикистон кард, ки аз он раҳо ёфтему ба имрӯз расидем. Расидан аз ҷанг ба сулҳ, расидан аз зулмот ба равшаниву оромӣ як бахти бузург аст. Албатта, дар ҳамон шабу рӯзи вазнин ба сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон як тулӯи хуршед дар зулмотро мемонад. Зеро маҳз хирадмандиву мушкилнописандӣ ва ғайрату шуҷоати Эмомалӣ Раҳмон буд, ки миллат аз он рӯзҳои сангин ва банди ҷаҳолату ақлбохтагӣ вораҳид. Маҳз итминони комил ба оянда ва донистани таърихи миллат ба Пешвои муаззами миллат мусоидат намуд, то як барномаи наҷоти миллатро роҳандозӣ намоянду миллат ва давлатро аз вартаи нестӣ наҷот бахшанд. Агар ба қадри ин хизматҳо нарасем воқеан ҳам кӯр хоҳем шуд.  Чунки чунин далериву шуҷоат ва итминони комилро танҳо он вақт Эмомалӣ Раҳмон доштанд, ки дилпурона тақдири миллату давлатро ба даст гирифтанд, ки барои бисёриҳо ин чиз як муъҷиза буд. Баъзан доираҳо пешгӯйӣ менамуданд, ки роҳбари ҷавон наметавонад аз идораи давлат баромадаву умри ҳукуматаш ҳамагӣ ду ҳафта хоҳад буд. Аммо Сарвари ҷавону кордон ва хирадманду миллатдӯст тавонистанд, ки дар кӯтоҳтарин фурсат вазъиятро ба эътидол оваранду аз пайи ислоҳи камбудҳо шаванд, ки ин дар ҳақиқат ҳам тасаввурнокарданӣ ба назар менамуд. Касе фикр ҳам намекард, ки Эмомалӣ Раҳмон метавонанд, идораи давлатро ба кулли танзим намояд, зеро ҳам ҷавон ҳастанду ҳами дигар бисёре аз роҳбарони ба истилоҳ пуртаҷрибаи ҳамондавраи Тоҷикистони соҳибистиқлол  аз ӯҳдаи идораи давлат набаромада буданд ва аз ҳамин ҷост, ки чунин андеша пайдо зада буд. Вале кордонӣ, муҳаббати баланд ба Ватан, дилсӯзӣ ба шаҳрвандон, башардӯстӣ, хулосабарории амиқ, натиҷагирии саривақтӣ, ҳалли муаамои печида, дарки воқеият ва пеш аз ҳама ҳамон кӯшишу ғайрати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки он рӯзҳо миллат соҳиби худро пайдо карду тоҷик соҳибдавлат боқӣ монд. Вагарна агар ба таҷрибаву кордонии роҳбарони ҳамонвақтаи шӯравитарбияи кишвар умед мебастем, шояд имрӯз на номи тоҷик вуҷуд дошту на давлате бо номи Тоҷикистон дар рӯйи замин! Аз ин рӯ, шукрона кардан бар ин марди бузург ва ин рӯзҳои нек қарзи фарзандии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.

Ваҳдате, ки имрӯз барои тоҷикон муяссар гардидааст, бар ивази ҷоннисориву ҷонфидоиҳои зиёд ба даст омадааст, ки нарасидан ба қадри ин неъмати бузург ноҷавонмардиву нотавонии шинохти воқеият мебошад. Ба ибораи дигар агар арз намоем, қадам гузоштани  Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат дар он рӯзҳои сангин ва пурфоҷиаи миллати тоҷиқ дурахши Ситораи наҷотро мемонад, ки агар онро инкор кунем, инкори муъҷизаи Парвардигор ҳисоб меёбад, ки ин як ҳақиқати баҳснопазир мебошад. Зеро аллакай мактаби сулҳофарӣ ва ҳамбастагии миллатро, ки асосгузораш Сарвари муаззами тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, тамоми ҷаҳон эътироф кардааст, ки агар инро бо чашми хирад набинему напазирем, пас воқеан ҳам ботинану зоҳиран кӯр хоҳем монд дар шинохти хештаншиносӣ ва дарки ҳақиқат.

Имрӯз “ҷангҳои иттилоотии тарҳрезишуда ва барномаҳои махсуси давлатҳои қудратхоҳ, ки бар зидди миллатҳо равона гардидаанд, ҳамеша ба шаклгириву ҷомеасозӣ таъсир мерасонанд, ки он дар суст гардонидани пояҳои фарҳангиву мадании миллат нақши  худро мегузорад. Мо, дур нарафта, ин ҳолро аллакай дар худи ҳамин Осиёи Марказӣ ҳам мушоҳида карда метавонем ва ин барои насли ҷавон бояд дарси хубе бошад.” Зеро хатари таҳоҷуми фарҳанги аҷнабӣ ҳамеша ҳаст ва бояд аз ин эҳтиёт кард. Аммо ин нуктаро ҳам набояд фаромӯш сохт, ки имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои наҷоти фарҳангу забон ва расму оини миллати тоҷик як сипари бузурге сохтаанд, то ҳеҷ хатаре бар он таҳдид насозад. Расмиёт бахшидан ба забони модарии тоҷикон дар кори давлатдорӣ аз барномаҳои бисёр ҳам бузурги Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ РаҳмонРа мебошад, ки онро мешавад қадаме барои пешгирӣ аз бархӯрдҳову таҳоҷуми фарҳангу забони бегона номид. Хизматҳои бузурги Роҳбари давлати тоҷиконро агар ба садҳо китоб нависем кам аст, зеро сохтани худи ҳамин ҷазираи суботу оромӣ дар минтақа худ як дастоварди бузург ва амали нотакрору беназир мебошад.

Ҳоло ҷаҳони моро равандҳои гуногуни геополикӣ фаро гирифтааст, ки баъзан падидаҳои нохушоянди ҷаҳонишавӣ ҳам барои рахна задан бар тамаддун ва фарҳанги миллӣ равона мешавад, ки ҳамаи аз мо зиракии баланди сиёсӣ ва эҳтиёткориро тақозо менамояд. Ҳоло вазъи сиёсии ҷаҳонро падидаҳои ифротгароӣ, ҷаҳолатпарастӣ, зуҳури терроризму эктсремизм, ақибмондагии шуури ҷамъиятӣ ва монанди инҳо ба ташвиш овардааст, ки албатта ҳар яке ин бо ҷангҳои иттилоотӣ имрӯз бар сари аҳолии сайёра як офат гардидааст ва дар чунин шароити вазнин мо бояд ба қадри сулҳу салоҳ ва оромиву ваҳдати миллат бирасем ва онро ҳифз намоем, то маҳсули андешаи миллӣ ва ҷоннисориҳои абармарди олами сиёсат, наҷотбахшу ваҳдатовари миллатро бар ҳадар надиҳем. Зеро ҳар як амали нодуруст ва гумроҳиву иштибоҳи шаҳрвандон дар шинохти ваҳдат метавонад, хатар бар нобудии ҷамъият ва ҳамин сулҳу оромии гаронарзиш гардад, ки дар баъзе кишварҳо даҳсолаҳо боз мардум дар орзӯи сулҳу оромӣ ва суботу ваҳдат шабро рӯз менамоянд.

Ҷавонон  бояд шукргузор аз ин лаҳзаи ширини зиндагӣ кунанд ва ба қадри ин ваҳдату сулҳу ва оромӣ бирасанду таърихи худро аз бар намоянд, то фирефтаву гумроҳ дар шароити феълӣ, ки дар боло омилҳои хатарзоро ном бурдем нашаванд.

Муҳаммадҷон Сайидзода