ДОҒИ ҶАНГ БОҚИСТ ҲАНӮЗ!

Баҳори соли 1992-ро ба гӯшаи фаромӯшӣ супоридан кори саҳл нест. Вақте як пойтахти кишвар ду майдони муқобиландеша дошт. Ҳукумати муросои миллӣ бунёд карда пайравони наҳзати ислом ба неруҳои демократӣ шарик шуданд. Аммо дар водии Вахш алангаи ҷанги шаҳрвандӣ боло гирифт ва он доғи хуни ноҳақ то ҳанӯз дар пайраҳаҳои деҳоти мо боқист.  

    Танҳо баъд аз ба даст оврдани истиқлолияти сиёсӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро имрӯз тамоми кишварҳои ҷаҳон бо сарвари хирадмандаш, Асосузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман шинохтааст. Имрӯзҳо Чумҳурии Тоҷикистон бо сарвари шахсияти маъруфу хирадманд сиёсатмадори дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халки заҳматкашаш тоҷик рӯзҳои вазнину сангинро паси сар намуда, дар ҷаҳон ҳамчун давлати рушди устувар дошта ва босубот шинохта мешавад.

  Ҳарчанд Ҷумҳурии Тоҷикисон кишвари хурд бошад ҳам, дар ҳалли праблемаҳои умумиҷаҳонӣ дар канор нест, ки дар ҷаҳон тинҷӣ бошад, амонӣ бошад мардумони ҷаҳон дар зери сиёсати сулҳдустона зисту зиндагонӣ кунанд, чунки ин мардуми захмдидаи тоҷик баъд аз пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ чӣ рӯзҳои сангину, гуруснагиро аз сар гузаронида, ҳазорон бародарон кушта шуда, модарон дар доғи фарзанд дар азоб, ҳазорон фарзандон ятиму бе парастор монданд. Барои ҳамин ҳар як модари тоҷик доимо даст бар дуо дорад, ки дар мамлакат тинчию фаровониро Худованд дар кишвари биҳштосои мо поянда гардонад.

   Ҳанӯз мамлакати  мо ҷавон аст. Он дастовардҳое, ки мо тӯли зиёда аз 27 соли Истиқлолияти давлатӣ ба даст овардем, дар рушди давлатдории миллӣ, соҳаҳои мухталиф ва некӯаҳволии мардум саҳми сазовор гузоштаанд. Имрӯз кишвари моро зиёда аз 150 кишварҳои дунё бо расмият шинохт ва муносибатҳои дипломати худро ба роҳ монда, дар тамоми самтҳо фаъолият дорад ва ин давлатҳо сафоратхонаҳои худро дорад, ки ин нишона аз тинҷию сарҷамии миллати тоҷик мебошад. Вале душманони давлату миллати мо, нафароне, ки шараф, нангу номус, дину мазҳаб ва дигар арзшҳои инсониро ба манфиати шахсӣ, пулу мол ва иҷрои супоришҳои хоинона фурӯхта, бо рафтори зишту беномусӣ ва пастфитратӣ раъди марака гардиданд ва тири бадхохонашонро солҳои 90-хокхӯрда, қувавҳои некӣ аз болои қуваҳои баъдӣ онҳо ғолиб омада буд, то ҳол мехоҳанд бо ҳар роҳу васила аз хориҷи кишвар нисбати давлати тинҷу осоиштаи мо суханҳои баду фитнангез, тарғиботи ғайриқонуниро тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ баён намоянд.

      Тоифаи мардуми худозада, ношукр баъд аз ин кадар мусибатҳое, ки бар сари миллати тоҷик оварданд, Ҳукумати мамлакат бо Пешвои муаззами худ ба хама корҳои зишти онҳо чашм пушида, барои фаъолият ва зисту зиндагонии онҳо тамоми шароит муҳайё сохт. Давлатро давлатии дунявӣ эълон карданд, то дар ҷомъеа тинҷӣ бошад, китоби “Қурон” бо забони лотинӣ тарҷума карда шуд, ҳар як халке, ки дар ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, кадом дин, ки хохад ихтиёр кунад, ибодат кунанд ва эътиқод кунанд. Аммо дар ҷавоб ин шахсони дур аз дину мазҳаб чӣ кор кардананд, нону намаки ин сарзаминро хӯрда ба воя расида дар ҷавоб ба ҷои арзу сипос намуданд хостанд, ки ҳокимияти имрӯзаро зери назорати худ гиранд боз дар мамлакат ҳодисаҳои солҳои 90-умро аз сари нав оғоз кунанд, вале ба мақсади худ нарасиданд. Имрӯз бахти миллати тоҷик баландӣ кард, ки чунин ҳодиса рух надод ва нахохад шуд. Имрӯз Тоҷикистон мисли Тоҷикистони пешина нест имрӯз ҷавононе ҳастанд, ки онҳо як чизро беҳтару хубтар дар идеалогияи худ ҷой кардаанд, ки онҳо як Модар як Ватан доранд, ки номаш Тоҷикистон аст ва намегузоранд, ки имрӯз қалби модарро пора кунанд агар лозим ояд дар роҳи сулҳи Ватан ҷони худро фидо хоҳанд кард. 

     Имрӯз дар ҷавоб бар Шумо Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Саидюнуси Истарвашани, Илҳом Ёқубов гуфтани ҳастем, дар ин дунё ҳама меҳмон ҳастанд он умре, ки Худованд бар Шумо додааст поянда нест, аз ин роҳе, ки Шумо интихоб кардед фоидае нест, дар асос ҳаммаи Шумо бозичаи он шахсони абарқудрат ҳастед, аз нодонии шумо истифода бурда истодаанд, мехоҳанд бар зидди модари худ “Ватан” силоҳ бардоред, ҳеҷ гоҳ барои онҳо то охири умр лозим нестед, ва рӯзе мерасад ҳаммаи Шумо мисли шахсони беватан дар хориҷи кишвар мурда меравед, рӯзе мерасад шуморо низ дар як биёбон танҳо хоханд монд.

    Дигар ба рафтори худ ба ин мулк “доғ” нагузоред!

 

Валӣ Қобилов,

дотсенти кафедраи таҷҳизоти мошинсозии ДКМТ