Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки ташаббусу таҷрибаи ин мактабҳоро доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи муассисаҳои таълимии кишвар васеъ татбиқ намояд.
Эмомалӣ Раҳмон
Бо мақсади зичтар намудани алоқаи раванди таълим бо истеҳсолот, санаи 04.01.2021с. омӯзгори кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ н.и.и, дотсенти ҳамин кафедра Собирова Шукринисо Рахимовна бо донишҷўёни бахши 4 ихтисоси 361001 «Таҷҳизот ва мошинаҳои саноати кӯҳӣ» аз фанни «Ташкил ва идоракунии истехсолот» дарси назариявиро дар корхонаи Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «Норд Азия Металл» ба амалӣ татиқ намудаанд, ки дар ин бора аз кафедра муаллима Собирова Ш. Ба шуъба хабар доданд.
Ёдовар мешаевем, ки омӯзгори кафедраи таҷҳизот ва технологияи мошинсозӣ Дусталиев С.Т. низ дар ин сафар ҳамроҳ шуда, аз фанни лоиҳакашии мошин ва таҷҳизоти кӯҳӣ ба донишҷӯён машварат гузарониданд.
Фаъолияти асосии корхонаи Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «Норд Азия Металл» дар бозори қубурҳо ва профилҳои металлии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2014 инҷониб ба роҳ монда шудааст.
Филиали кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаи «Норд Азия Металл» таъсис ёфтааст
Оид ба фанни таълимии Ташкил ва идоракунии истеҳсолот – ба масъалаҳои ташкили корхона, идоракунии корхона сехҳои асосии корхона, сехҳои ёрирасон, соҳаи истифодаи маҳсулоти истеҳсолшаванда дар соҳаҳои хоҷагии халқ гуногун шинос шудаанд, ки истифодаи васеи конструксияҳои металлӣ дар сохмон, комуникатсияҳои таъминкунии об, нурикашӣ ва бисёр дигар корҳо истифодаи маҳсулоти корхонаро дидан намудаанд.
Донишҷӯён аз таҷҳизотҳои ширкат аз наздик шинос шуда, аз ворид шудани таҷҳизотҳои муосир маълумот пайдо кардаанд. Таҷҳизотҳои муосири пешқадами ширкат асосан аз давлати Хитой ва Федератсияи Россия ворид шуда, маҳсулоти навинро ба роҳ монда шудааст, ки ин истеҳсоли бомпўшакҳои металлиро истеҳсолиро ба роҳ мондааст.
Ширкат, ҳамчун корхонаи истеҳсолкунандаи қубурҳо ва профилҳои металлӣ метавонад ба мизоҷони худ системаи фасеҳи тахфифҳоро пешниҳод менамояд. Ширкат бо давлатҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Федератсияи Россия ҳамкории зич доранд.
Хуллас, аз гузаштани дарсҳо дар корхонаҳо мафкураи илмӣ-тадқиқотӣ ва дониши амалии донишҷўён такмил ёфт, ки ба шаклгирии ҷаҳонбинии техникии онон мусоидат менамояд.
PS: Ёдрас шудан ба маврид аст, ки н.и.и, дотсенти кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ Собирова Шукринисо яке аз аввалин омӯзгороне ҳастанд, ки барои татбиқи илм ба истеҳсолот бо супориши роҳбарияти донишкада машғулиятҳои таълимиро дар корхонаву фабрикаҳо мегузаронанд ва ин барои донишҷӯён хеле муфид мебошад.
То ба имрӯ 8 кафедраи донишкада дар назди корхонаву муассисаҳои саноатии вилоят филиали худро дорад ва қарор аст, имсол ин нишондиҳанда афзунтар бигардад.
Маълумот ба шуъбаи иттилоот аз дотсент Собирова Ш. дастрас гардидааст