Гузаронидани дарсҳои амалӣ дар корхонаву муассисаҳои истеҳсолӣ барои васеъ намудани ҷаҳонбинии донишҷӯ ва ҳамчунин такмил ёфтани маҳораташ мусоидат менамояд. Аз ин лиҳоз ҳамкории кафедраҳо бо корхонаву муассисаҳои истеҳсолӣ ба мақсади кор аст.
Санаи 5-6-уми феврали соли ҷорӣ донишҷӯёни бахши чоруми ихтисоси 510101-геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданоки кафедраи геология ва корҳои нафту газ дарсёҳои лексионӣ ва амалии худро аз фанҳои усулҳои татдқиқотӣ лаборатории маъдан ва минералҳо, сохтори майдони маъдан ва конҳои канданиҳои фоиданок таҳти роҳбарии саромӯзгори кафедра Отаев А.О. дар филиали кафедра будаи КВ “Экспедитсияи комплексии геологии Қайроқум ” гузарониданд.
Дар озмоишгоҳи корхонаи мазкур донишҷӯён бо усулҳои ташхиси кимиёвии маъдан ва минералҳо, майдакунии онҳо шинос шуданд. Ҳамчунин, онҳо бо конҳои канданиҳои фоиданоки вилояти Суғд шиносоӣ пайдо намуданд.
Олимов А.
мудири кафедраи геология ва корҳои нафту газ