3-уми декабри соли 2020 дар толори қабули расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маросими супоридани стипендияи Раиси вилояти Суғд ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни тақдими стипендияҳо ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ иброз дошт, ки ҷавонони кишвар, аз ҷумла, ҷавонони вилояти Суғд дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди босуботи ҷомеа ва пешбурду татбиқи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят нақши муҳим доранд.
-Таваҷҷўҳ ба фаъолияти ҷавонон ва татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон имрўз яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, ба фаъолияти ҷавонон, бахусус донишҷўёну магистрантон ва аспирантон дар қаламрави кишвар эътибори бештар зоҳир гардида, иқтидор ва имкониятҳои онҳо барои пешрафти самтҳои идоракунии давлатӣ босамар истифода мегардад,-қайд намуд Раҷаббой Аҳмадзода.
Дар вазъияти тантанавӣ ба 130 нафар донишҷўёну магистрантон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят, ки аз ҷониби комиссия интихоб ва пешбарӣ шуда буданд, дар маҷмуъ 134 ҳазору 500 сомонӣ стипендияҳо супорида шуд.
Қайд намудан ба маврид аст, ки дар ин қатор 7 нафар донишҷӯ ва як нафар аспиранти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон низ ба гирифтани стипендияи мазкур шарафёб гардиданд.