Рӯзи ҷумъа ва шанбе директори китобхонаи илмӣ-электронии донишкада Танжихолова Шаҳноза бо ҳамроҳии муовини декани факултети металлургия Ғоибов Алишер дар аудиторияҳо гашта бо донишҷӯён мулоқот намуда, ба китобхонӣ ва гирифтани ғизои маънавӣ даъват намуданд.
Ҳамчунин, дар мулоқоти мазкур ба донишҷӯён шартҳои ширкат дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” фаҳмонида шуд, ки дар ин вохӯрӣ донишҷӯён хоҳиши ширкат дар озмунро баён доштанд.
Дар ин бора ба шуъбаи иттилоот аз китобхонаи донишкада иттилоъ доданд.
Шуъбаи иттилоот